Ба муносибати Соли туризм ва рушди санъатҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон шуда буд, ширкати “МегаФон Тоҷикитон” дар арафаи ҷашнгирии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Бохтар арт-иншоотро бо навиштаҷоти “I love Bokhtar” насб намуд. Он на танҳо изҳори муҳаббат ба шаҳри азизи худ ба ҳисоб меравад: ин иқдом ба маъмулгардонии номи нави макон мусоидат карда, имкон медиҳад, ки фазои барои сокинон ва сайёҳон дилкаш ташкил карда шавад.
Оператор лоиҳаи “МегаФон достон туҳфа мекунад”-ро аз соли 2009 инҷониб амалӣ менамояд. Дар шаҳрҳои Россия ва Тоҷикистон композитсияҳои меъморӣ ва арт-иншоотҳо гузошта мешаванд, ки онҳо минбаъд ба маконҳои тамошобоби шаҳрӣ ва туристӣ табдил меёбанд. Идеяи ҳар як иншоот бо шаҳри мушаххас, таърих ва фарҳанги он робита дорад. Бохтар – собиқ шаҳри Қурғонтеппа танҳо дар соли 2018 ба номи нав соҳиб шуд, он барои меҳмонони шаҳр ҳоло ғайриодатист. Арт-иншооти аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳадяшуда дар азхудкунии он кӯмак мекунад.
Зимни ифтитоҳи макони нави тамошобоб намояндаи ҳукумати шаҳри Бохтар Музаффар Ғафуров ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” изҳори миннатдорӣ карда қайд намуд, ки чунин иншоотҳо дар хориҷа хеле маъмуланд, онҳо мароқи меҳмонони шаҳрро боло бурда яке аз маконҳои асосие мегарданд, ки дар он сайёҳон аксбардорӣ мекунанд.
“Хеле хушҳол аз онам, ки дар шаҳри мо як иншооти замонавӣ гузошта шуд, ба шарофати он номи Бохтар дар Россия, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигаре, ки меҳмонон аз он ташриф меоранд, маъруфият пайдо мекунад. Ва, албатта, туҳфаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро худи бохтариён қадрдонӣ мекунанд – яқинан иншооти мазкур ба яке аз маконҳои маъмулӣ барои мулоқоти сокинон табдил меёбад”, - зикр намуд Музаффар ҒАФУРОВ.
“Дар соли туризм ҳар як ширкати аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул дар фикри анҷом додани коре баҳри баландбардории ҷаззобияти шаҳрҳои Тоҷикистон аст. Мо ҳамчунин кӯшиш мекунем дар рушди минтақаҳое, ки дар он фаъолият мебарем, саҳме гузорем. Пеш аз ҳама мо муштариёнро бо хизматрасониҳои боэътимоди мобилӣ таъмин мекунем – ин ҳам барои сокинони маҳаллӣ, ҳам барои сайёҳон хеле муҳим аст. Зеро барои меҳмонони хориҷӣ алоқаи босифат нишондиҳандаи сатҳи умумии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Вале мо фаъолияти худро на танҳо дар доираи телеком-хизматрасониҳо маҳдуд мекунем, барои ҳамин мо ба шаҳри Бохтар иншооти навро ҳадя намуда, ба шаҳри азизамон равнақу пешравиҳо таманно дорем – умедворам, сол ба сол меҳмонони шаҳр пайваста зиёд мегарданд!” – изҳор дошт дар рафти кушодашавии арт-иншоот роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.
Маросими тантанавии кушодашавии иншооти “I love Bokhtar” бо консерте, ки аз тарафи ҳунармандони шуъбаи шаҳрии фарҳанг ташкил карда шуд, идома ёфт. Дар баробари ин, сокинони Бохтар имкон пайдо карданд, ки дар назди макони нави тамошобоб аксбардории нахустини худро анҷом диҳанд – ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар назди он минтақаи махсуси аксгириро ташкил намуда буд.