МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” ба олами интернети мобилӣ даъват менамояд

Муҳлати мутолиа: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” ба олами интернети мобилӣ даъват менамояд

Дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, дар рафти онҳо кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариён дар бораи имкониятҳои интернети мобилӣ маълумотҳо расониданд. “Кашшофон”-и Шабакаи ҷаҳонӣ тавонистанд ба шарофати дастрасии Wi-Fi-и аз ҷониби оператор ташкилшуда нерӯҳои худро дар истифодаи интернет бисанҷанд.

“Интернети мобилӣ барои кору фаъолият, таҳсил ва дилхушии муштариёни мо воситаи хеле қулай ба ҳисоб меравад. Айни замон тавассути портали хизатрасониҳои давлатӣ метавон дар ҳама маконҳое, ки шабакаи насли сеюм ва чоруми шабакаи мо роҳандозӣ шудааст, маълумоти миёна ва олӣ гирифт, масъалаҳои муҳимми кориро ҳал намуд ва ҳуҷҷатҳоро ба расмият даровард. Шабакаҳои номбурдаи мо бошанд, дар бисёр нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат ба кор дароварда шудаанд. Акнун бо таъмини ҳудуди назарраси кишвар бо интернети баландсуръати шабакаи 4G мо ба муштариён доир ба масъалаҳое, ки метавон бо ёрии хизматрасониҳои муосири алоқа ҳал кард, маълумот мерасонем”, - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛЯТОВ.

Иштирокчиёни дарсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат натанҳо оид ба манбаъҳои муфиди Шабакаи ҷаҳонӣ, балки инчунин доир ба тарофаҳои муфиди силсилаи “Биё!”, ки махсусан барои истифодабарандагони фаъоли интернет пешбинӣ шуда буданд, маълумот пайдо намуданд. Бастаи муносибро ҳар як муштарӣ метавонад танҳо аз рӯйи ном интихоб кунад. Ҳамин тариқ, агар аз доираи хизматрасониҳои интернетӣ бештар видео писанд бошад, хубтар мешавад тарофаи “Биё! Тамошо кун” пайваст карда шавад. Барои дӯстдорони мусиқии онлайн бошад бастаи “Гӯш кун” мавҷуд аст. Дар ҳамаи тарофаҳои ин силсила дастрасии бемаҳдуд ба мессенҷерҳои маъмултарин пешниҳод гардидааст. Сокинони Ваҳдат ва Ҳисор инчунин ба замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки имкони анҷоми зангҳои муфидро ба Россия дар бар мегирад, мароқ зоҳир намуданд. Боргирии он тавассути минтақаи Wi-Fi, ки дар давоми дарсҳои омӯзишии “МегаФон Тоҷикистон”, ташкил карда мешавад, имконпазир буд.

“Аллакай тӯли солҳои зиёд муштарии ширкати “МегаФон”-ам. Ба шарофати алоқаи Шумо метавонам озодона бо наздиконам ҳам дар дохили кишвар ҳам берун аз он муошират намоям. Акнун ба мо интернети баландсуръат низ дастрас гардид, зеро чанде қабл дар шаҳри мо шабакаи насли чорумро роҳандозӣ карданд. Умед ба он дорем, ки Шумо минбаъд ҳам дар Ҳисор инкишоф меёбед”, - қайд менамояд директори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор Уктам АЮБОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2