“МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои фаъолнокии муштариёни худро аз ҷараёни Чемпионати Ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Россия аз 14 июн то 15 июл идома дошт, ҷамъбаст намуд. Муштариёни оператор имкон доштанд мусобиқаҳои ЧҶ-ро дар смартфонҳои худ тариқи сомонаи www.formula55.tj [ http://www.formula55.tj ] ё бо ёрии замимаи “Формула успеха” пайгирӣ кунанд. Аз ҳама бештар ин имконияти нодирро сокинони шаҳри Ваҳдат ба кор бурданд.
Чемпионат ба яке аз рӯйдодҳои сермиқёс ва баррасишаванда табдил ёфт. 64 мусобиқа, бохтҳои ногаҳонии чунин дастаҳои нерӯманди футбол, ба монанди Португалия ва Бразилия, пирӯзии таърихии дастаи мунтахаби Россия бар мунтахаби Испания – ҳамаи ин таҳти диққати ҷиддии миллионҳо мухлисон қарор доштанд.
Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон доштанд дар дилхоҳ маконе, ки интернети мобилӣ фаъол аст, мусобиқаҳои ЧҶ-ро тамошо кунанд. “Ҳамин хел шуд, ки 15 июл ман бо корҳоям зиёд сафар мекардам ва ба оғози мусобиқаҳои ниҳоӣ омада ба хона расида наметавонистам. Барои ҳамин намоиши онҳоро бевосита дар мошини дӯстам, ки маро ба хона мебурд, фаъол намудам. Ҳамроҳи ӯ Фаронсаро мухлисӣ мекардем – ва он билохира ғолиб омад. Ташаккур ба “МегаФон Тоҷикистон”, маҳз ба шарофати ин ширкат ман чунин бозии ҷолибро пайгирӣ карда тавонистам!” – таассуроти худро мегӯяд муштарии ширкат Манучеҳр САФАРОВ.
Мутобиқи омор зиёда аз 90% муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳангоми намоиши мусобиқаҳои ЧҶ 2018 аз смартфонҳо истифода бурдаанд, мухлисони боқимонда бошанд мусобиқаҳоро тавассути планшетҳо ва USB – модемҳо тамошо мекарданд. Дар доираи сомонаи www.formula55.tj [ http://www.formula55.tj ] ва замимаи мобилии “Формула успеха” афзоиши трафик дар вақти гузаронидашавии мусобиқаҳои ЧҶ 2018 дар тамоми ҷумҳурӣ 670%-ро ташкил додааст, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давра то оғози ЧҶ 7 маротиба бештар аст. Ба ҳисоби миёна дар соатҳои намоиши мусобиқаҳо теъдоди тамошобинон дар давоми ЧҶ 2018 ба андозаи 110% афзоиш ёфт, яъне 2 маротиба зиёдтар шуд.
Футбол яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш дар Тоҷикистон буда, Чемпионати Ҷаҳон барои дӯстдорони ин намуди варзиш мусобиқаи муҳимтарин ба шумор меравад. Тӯли тамоми чемпионат ҳаводорони футбол кӯшиш мекарданд, ки ягон мусобиқаро нагузаронанд ва барои мухлисоне, ки тамошои мустақими мусобиқаҳои ЧҶ тариқи оинаи нилгун ба онҳо муяссар нашуд, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” комилан ройгон имкони пайгирии бозиҳои дастаи дӯстдоштаро дар гаҷетҳояшон фароҳам овард. Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” маълумотҳоро таҳти таҳлил қарор дода, рӯйхати шаҳру ноҳияҳоеро тартиб доданд, ки теъдоди бештари “мухлисони мобилӣ”-ро фаро мегирифт. Аз ҳама бештар ин имкониятро “мухлисони мобилӣ”-и шаҳри Ваҳдат истифода бурдаанд, дар ин ҷой ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои ЧҶ трафики интернет ба андозаи 31% афзоиш ёфт. Дар ҷойи дуюм шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Б.Ғафуров, ки афзоиши трафик дар ин маҳалҳо ба 17% баробар шудааст, қарор гирифтаанд. Ва ниҳоят ҷойи сеюмро ноҳияи Панҷакент соҳиб шудааст, ки дар ин ҷой аз рӯзи муқаррарӣ трафики интернет 16% зиёдтар ҳосил карда шудааст.
“Манфиатҳои муштариён барои мо дар ҷойи аввал меистанд. Барои ҳамин ҳатто баъди анҷомёбии ЧҶ-2018 онҳо имкон доранд сомонаи www.formula55.tj [ http://www.formula55.tj ] ва замимаи мобилии “Формула успеха”-ро ройгон истифода баранд. Акнун, бо ёрии он, метавон бозиҳои беҳтарини Ҷоми Байнанмиллалии Чемпионҳоро тамошо кард. Мутмаинам, эҳсосоти гуворо ва пуртаъсири онҳо аз пешина кам нахоҳад буд!” – мегӯяд Ҷамшед БОБОАЛИЕВ, директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.