Аз 10 то 13 август дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018” баргузор карда мешавад. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зимни он маҳуслоти бозори соҳибкориро муаррифӣ намуда, дар баробари ин, минтақаи Wi-Fi-ро ташкил мекунад. Ҳамин тариқ иштирокчиён аз давлатҳои мухталиф бо интернет таъмин карда мешаванд.
Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалӣ соҳибкорон ва ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон ва ҷумҳурии моро ба ҳам хоҳад овард. Онҳо соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт – аз мошинсозӣ ва агросаноат то истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва маҳсулоти ҳунармандонро муаррифӣ менамоянд. “МегаФон Тоҷикистон” ба иштирокчиёни чорабинӣ доир ба хизматрасониҳои умумиистеъмоли алоқа, ки дар ҷараёни соҳибкории ҳама соҳаҳо ва дорои ҳама гуна миқёсҳо зарур меоянд, маълумот медиҳад.
“Алоқаи боэътимод – як навъ “намакест”, ки бе он ягон ширкат мавҷуд буда наметавонад. Баҳри ноилшавӣ ба муваффақият дар ҳама намудҳои бизнес соҳибкор бояд 24 соати шабонарӯз дар алоқа буда, ба интернети мобилӣ дастрасӣ дошта бошад. Лекин феҳристи хизматрасониҳои мо на танҳо бо ин ду хизматрасонӣ маҳдуд мешавад. Мо метавонем ба мизоҷони корпоративӣ М2М-имкониятҳои муосир барои назорати дурдасти таҷҳизот ё SMS-огоҳкуниро пешниҳод менамоем. Имконияти охирин ба зиёдшавии фурӯшҳо мусоидат мекунад. Мутмаинам, ба иштирокчиёни намоишгоҳи “Тоҷикистон-2018” маълумотгирӣ доир ба имкониятҳои нав барои рушди соҳибкорӣ ҷолиб хоҳад буд”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Сифат ва эътимоднокии хизматрасониҳои операторро иштирокчиёни намоишгоҳ-ярамаркаи универсалӣ метавонанд якбора баҳогузорӣ кунанд: дар толори гуфтушунидҳо “МегаФон Тоҷикистон” барои баромади озод ба интернет минтақаи Wi-Fi-ро ташкил менамояд.