МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Таджикистан машқҳои «Бародарии пойдор»-ро бо алоқаи боэътимод таъмин намуд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Таджикистан машқҳои «Бародарии пойдор»-ро бо алоқаи боэътимод таъмин намуд

Дар Тоҷикистон машқҳои муштарак таҳти унвони “Бародарии пойдор” гузаронида шуданд, ки дар он низомиёни давлатҳои Белоруссия, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон иштирок намуданд. Таъмини полигони дурдасти “Ҳарбмайдон” бо алоқаи гражданӣ ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” супорида шуд. Оператор ин вазифаро дар сатҳи аъло ба иҷро расонид – ба шарофати алоқаи овозӣ ва интернети мобилӣсарбозон аз давлатҳои мухталиф имкон доштанд, ки бо наздикони худ дар тамос бошанд.

“Сарбозони мо тавассути паёмрасонҳо ба наздикони худ менависанд ва аксҳои худро ирсол мекунанд. Ҳамааш хеле хуб кор мекунад. Мо интизор набудем, ки дар чунин минтақа, амалан дар биёбон, мо чунин алоқаи босифат дошта метавонем. Ташаккур ба оператор!” – изҳор дошт зимни машқҳои худ подполковники артиши қирғиз Русланбек УЛУКАХУНОВ.

“Се рӯз хизматрасониҳои МегаФон Тоҷикистонро истифода мебурдам. Онҳо воқеан моро дар ҳайрат гузоштанд. Интернет фаъол буд – барои ман ин аз ҳама муҳим буд, зеро фиристодани аксҳо ва маводҳои видеоӣ зарур меомад. Бо назардошти шароитҳои мо суръати интернет олӣ буд! Ман ҳатто дар фикри онам, ки SIM-корти дуюми МегаФонро дастрас кунам”, - изҳор дошт мухбири шабакаи телевизионии “МИР” Владислав РЯБОВ.

“Ширкати мо аллакай тӯли якчанд сол машқҳои калони дар вилояти Хатлон гузаронидашавандаро бо алоқа таъмин менамояд. Пойгоҳҳои базавии мутаҳаррик, ки онҳоро метавон дар дилхоҳ макон гузошт, ҳатто дар шароити мавҷуд набудани шабакаҳои доимӣ ба низомиён имкон медиҳанд, ки овози хешовандони худро бишнаванд ва онҳоро бо аксҳои худ хушҳол намоянд. Мо хеле ифтихор дорем, ки ҳаёту рӯзгори сарбозону афсаронеро, ки дар ҳимояи ватанамон истодаанд, беҳтар карда метавонем”, - хулосабарорӣ карда мегӯяд директори раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2