МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” ба волидайни мактабҳои шаҳри Душанбе оид ба хизматрасониҳои қулай маълумот медиҳад

Муҳлати мутолиа: 3 мин
“МегаФон Тоҷикистон” ба волидайни мактабҳои шаҳри Душанбе оид ба хизматрасониҳои қулай маълумот медиҳад

Семинарҳое, ки ба онҳо МегаФон Тоҷикистон волидайни истифодабарандагони ҷавони хизматрасониҳои рақамиро даъват менамояд, дар мактабҳои пойтахт идома доранд. Зимни семинари омӯзишӣ дар мактаби №54 падарону модарони хонандагон оид ба воситаҳои назорати фаъолнокии интернетии кӯдакони худ ва имкониятҳое, ки барои истифодабарандагони замимаи “МегаФон Life” дастрас мебошанд, маълумотҳо гирифтанд.

 

Талабагони муосир вақти ҳарчӣ бештари худро дар интернет мегузаронанд. Лекин Шабакаи ҷаҳонӣ на танҳо манбаи донишҳои муфид буда метавонад: дар он метавон бо контенти “калонсолон”, ҳар гуна маълумоте, ки барои ноболиғон пешбинӣ нашудаасту ҳатто барои рӯҳиёти заифи кӯдакона ниҳоят хатарноку зараровар аст, рӯ ба рӯ шуд. Бо дарки масъулияти худ дар назди истифодабарандагон МегаФон Тоҷикистон тарофаҳои махсуси “Биё! Бехатарӣ”, ва “Биё! Бехатарӣ+”-ро омода намуд. Дар онҳо ба муштариён хизматрасонии нодири Kaspersky Safe Kids дастрас аст, он ба волидайн имкон медиҳад, ки фаъолнокии интернетии хонандагон ба таври самаранок назорат карда шавад. Падарону модарон оид ба сомонаҳои истифодамекардаи кӯдак ва вақти дар Шабака мегузаронидаи ӯ огоҳ хоҳанд буд. Ба ғайр аз ин, хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки амнияти кӯдакон дар олами воқеӣ таъмин карда шавад: волидайн дар харита макони қарордоштаи кӯдакро пайдо намуда, имкон доранд, ки ҳангоми тарки минтақаи муқаррарӣ аз ҷониби кӯдак чораҳои зарурӣ биандешанд.

 

Боз як пешниҳоди хеле ҷолиби оператор замимаи “МегаФон Life” маҳсуб меёфт. Волидайни хонандагони мактаби №54 дар бораи тарзи фаъолияти “Ҳамён”, ки бо ёрии он метавон тавозуни телефони кӯдакро пур карда, маблағи харидҳоро бо истифода аз маблағҳои ҳисоби мобилӣ ба тариқи онлайн пардохт намуд, ба таври муфассал пурсон шуданд. Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гуфтанд, ки муошират тавассути замимаи мазкур бо хешовандону дӯстоне, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд, муфидтар аст. Ба иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин писанд омад, ки то охири соли 2019 бо анҷомдиҳии пардохтҳо тавассути “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон Life” онҳо бонуси ройгони якдафъаинаро ба даст оварда метавонанд.

 

Мароқи волидайн нисбати хизматрасониҳои рақамӣ ва фаъолнокии онҳо дар давоми семинар бо сертификатҳои туҳфавии оператор қадрдонӣ карда шуданд. Муаллифони саволҳои беҳтарин имкон доштанд, ки ё рақами зебои нуқрагин, ё як моҳи истифодаи ройгони тарофаи “Биё! Кӯдакии бехавф +”-ро бо барномаи назорати волидайни “Kaspersky Safe Kids” интихоб кунанд. Ба баъзе иштирокчиёни вохӯрӣ мутахассисони ширкат якбора дар пайвасткунии замимаи қулай ва ройгони “МегаФон Life” кӯмак намуданд.

 

“Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барномаи ниҳоят муфид ва ҷолибро ташкил намуд. Айни замон дар давлати мо Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” амал менамояд. Чунин чорабиниҳо бошанд, ба он мусоидат мекунанд, ки волидайн назорати кӯдакони худро беҳтар ба роҳ монда, инчунин аз ҷониби кӯдакони худ истифода шудани интернетро аз мадди назар дур намекунанд. Ташаккур ба оператор барои кӯмаке, ки дар самти тарбияи насли наврас пешниҳод менамояд!” – изҳор дошт Дилшод САТТОРЗОДА, мутахассиси пешбари сарраёсати маорифи ш.Душанбе.

 

“Мо ба волидайн на танҳо дар бораи хизматрасониҳои таъминкунандаи амнияти кӯдакон дар интернет ва олами воқеӣ маълумот мерасонем, балки инчунин хотиррасон мекунем, ки барои муошират бо наздикон имкониятҳои бештар мавҷуд мебошанд. Барои ҳамин дар семинарҳо сухан ҳатман дар бораи замимаи “МегаФон Life” меравад. Бо ёрии он метавон холҳои дар доираи барномаи бонусии “Раҳмат” пардохтшавандаро ба хизматрасониҳои алоқа иваз намуд. Дақиқаву мегабайтҳоро одамон танҳо барои муштарии мо буданашон ба даст меоранд. Мутмаинам, ки иштирокчиёни семинарҳои мо ин мукофотҳоро нисбатан фаъолтар истифода хоҳанд бурд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2