Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” модернизатсияи калони шабакаро дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба анҷом расонид. Корандозии таҷҳизоти навин имкон дод, ки муштариён бо сифати беҳтарини алоқа таъмин карда шаванд. Ба ғайр аз ин, танзимоти нави шабака ба дастгоҳҳои мобилии мизоҷони оператор имкон медиҳанд, ки беҳтару тезтар дар интернет фаъолият намоянд.
Модернизатсия дар ду марҳила ҷараён гирифт. Дар марҳилаи якум таҷҳизоти қаблан корандозишуда нав карда шуда, дар марҳилаи дуюм – пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G барои таъмини сокинон бо интернети босуръати мобилӣ ба кор дароварда шуданд. Акнун сатҳу сифати даъватҳои анҷомёбанда ва пайвастагиҳои интернетӣ пурра ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯй мебошанд. Модернизатсияи таҷҳизоти ҳамаи наслҳо имкон дод, ки зичии шабака дар минтақа зиёд карда шуда, инчунин ба фаъолияти дастгоҳҳои мобилии муштариён, ки акнун барои таҳвили сигнал то пойгоҳи базавӣ нерӯи камтарро сарф мекунанд, суръат бахшида шавад.
Шабакаи навшуда боз як ҷиҳати мусбат дорад: дар асоси он корандозии технологияҳои нав – масалан, таҷҳизоти 4G дар он нуқтаҳои аҳолинишин, ки интернети насли чорум дар он ҷойҳо ҳоло пайдо нашудааст, метавонад хеле осонтару зудтар сурат бигирад.
“Дар соҳаи мо ҳатто таҷҳизотҳои аз ҳама босифату боэътимод бояд вақт-вақт иваз карда шаванд, зеро дар замони муосир онҳо на ҷисман, балки аз ҷиҳати маънавӣ зуд куҳна мешаванд. Бо ҳамин сабаб МегаФон Тоҷикистон мунтазам модернизатсияи шабакаро амалӣ мегардонад. Қобилияти гузариши таҷҳизоти муосир дар муқоиса ба таҷҳизоте, ки ҳамагӣ панҷ сол пеш истеҳсол гардидаанд, нисбатан васеъ буда, ба сарбориҳои зиёд хубтар тобоваранд. Модернизатсияи калони шабака, ки дар минтақа анҷом дода шуд, имкон дод, ки ҳамаи параметрҳои босифати фаъолияти хизматрасониҳои алоқа ба манфиати муштариёни мо такмил дода шаванд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.