МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 5 000 меҳмонони боғи ба номи Садриддин Айниро муборакбод намуд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 5 000 меҳмонони боғи ба номи Садриддин Айниро муборакбод намуд

“МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 5 000 меҳмонони боғи ба номи Садриддин Айниро муборакбод намуд

Дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ярмаркае, ки дар боғи ба номи Садриддин Айнӣ баргузор карда шуд, иштирок намуд.

Меҳмонони боғ бо маҳсулоти ширкат ошно гардида, бо ёрии мушовирон тарофаҳоро интихоб мекарданд, доир ба опсияҳои мухталиф ва замимаи нави МегаФон Life маълумотҳо мегирифтанд. Ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки интернети мобилиро дар маконҳои серодам аз санҷиш гузаронида, мутмаин шаванд, ки “МегаФон Тоҷикистон” пурра ба ҷашнгирии Наврӯз бо суръатҳои баланд омода аст. Инчунин меҳмонони хурдсоли боғи Садриддин Айни низ бе диққат намонданд – ба онҳо ба сифати хотира аз ҷашн пуфакҳои брендӣ тақдим карда шуданд.

“Наврӯз – на танҳо ҷашни миллист, ки дар рафти он ба анъанаҳо ва урфу одатҳо эҳтиром гузошта мешавад, балки инчунин имкони хуб барои боз ҳам наздиктар шудан бо муштариён ба ҳисоб меравад: додани маълумот дар бораи хизматрасониҳои “МегаФон Тоҷикистон”, фаҳмидани фикру ақидаи онҳо доир ба ширкат ва баён кардани миннатдорӣ барои бо мо буданашон ва ғ. Чунин вохӯриҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки завқу шавқи мизоҷонамон ба ҳисоб гирифта шуда, ба онҳо маҳз он чизе пешниҳод карда шавад, ки барои истифодабарандаи алоқаи мобилӣ зарур мебошад”, - қайд намуд роҳбари Раёсати минтақавии “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2