МегаФон Тоҷикистон

Роҳбари ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мукофотро дар озмуни «Беҳтарин соҳибкори сол дар шаҳри Душанбе» ба даст овард

Муҳлати мутолиа: 1 мин
Роҳбари ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мукофотро дар озмуни «Беҳтарин соҳибкори  сол дар шаҳри  Душанбе» ба даст овард

Натиҷаҳои озмуни «Беҳтарин соҳибкори сол дар шаҳри Душанбе», ки ҳамасола бо ташаббуси Раиси шаҳр гузаронида мешавад, ҷамъбаст гардиданд. Дар номинатсияи “Технологияҳои телекоммуникатсионӣ” Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ сазовори мукофот дониста шуд.

МегаФон Тоҷикистон – аввалин оператори имкониятҳои рақамӣ чандин маротиба дар меҳвари таваҷҷуҳи ташкилкунандагони озмуни асосии тиҷоратии Душанбе қарор гирифтааст. Бори нахуст роҳбари ширкат унвони фахрии соҳибкори беҳтаринро соли 2015 соҳиб шуд. Ҳатто дар шароитҳои душвори молиявии ҷаҳонӣ МегаФон тавонист, ки мавқеи худро дар бозори телекоммуникатсия нигоҳ дорад ва омили мазкур худ асос барои қарори кумитаи тадорукоти озмун маҳсуб мешавад.

Имсол оператор мақоми пешсафи худро дар самти инноватсияҳои мобилӣ собит намуд. Маросими мукофотсупорӣ санаи 26 ноябр дар «Душанбе Плаза» баргузор гардида, ширкати МегаФон Тоҷикистон мукофоти нави «Беҳтарин соҳибкори сол дар ш. Душанбе»-ро дар номинатсияи “Технологияҳои телекоммуникатсионӣ” ба даст овард.

«Хушҳолам, ки моро беҳтарин дар соҳа эътироф намуданд. Вале, ман хуб мефаҳмам, ки ин мукофот бо чи гуна кӯшишу заҳматҳо ба даст омадааст. Шарафу ифтихор дорам, ки ба чунин коллективи соҳибкасбони воқеӣ, шахсони вафодори касбу кори худ роҳбарӣ менамоям. Маҳз ба шарофати меҳнати софдилонаи онҳо, сокинони гӯшаҳои дурдасттарини кишварамон ба алоқаи мобилӣ ва интернети босифат дастрасӣ пайдо намуданд. Меҳнати ҳамарӯзаи онҳо устувории ширкатро таъмин намуда, онро яке аз андозсупорандагони калони Тоҷикистон мансуб медонад. Ба аҳли кормандони Ширкат ва ташкилкунандагони озмун сипосгузор ҳастам! » – мегӯяд Анатолий Изюмников.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2