Дар замони технологияҳои рақамӣ бо ёрии телефони мобилӣ амалҳои зиёди зарурӣ ва фавриро дар якчанд дақиқа анҷом додан мумкин аст. Хоҳишмандон барои гузаштан аз дастурдиҳии омӯзишӣ оид ба истифодаи замимаҳо ва хизматгузориҳо дар интернет меҳмонони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» гардида, нозукиҳои харид тавассути «AliExpress», Wildberries, банд кардани ҳуҷра дар меҳмонхона дар Booking, инчунин усулҳои фармоиш додани маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои рӯзғорро аз бар намуданд.
Имконияти гирифтани ашёҳои фармудашуда аз AliExpress, Taobao, eBay ва Amazon дар толори наздиктарини алоқа ба муштариён ба қарибӣ пешниҳод гардидааст. Ҳатто на ҳамаи истифодабарандагони фаъол аз ин шакли навини қулай баҳравар шудаанд. Дигар ҷиҳатҳои “муфид” низ ҳастанд, ки аксари истифодабандагон дар бораи онҳо маълумот надоранд. Аз ин рӯ, кормандони МегаФон тасмим гирифтанд, ки барои истифодабарандагони фаъоли интернет дастурдиҳӣ доир намуда, тарзи истифодаи чунин хизматрасониҳоро муфассал шарҳ диҳанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ дарҳол манфиатҳои донишу маҳорати омӯхтаашонро арзёбӣ намуданд. Имрӯз кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар бораи харид дар Шабака ба таври содда ва фаҳмо маълумот доданд, ки ягон саволе ҳам пайдо нагашт. Ғайр аз ин, онҳо замимаи «МегаФонLife»-ро дар телефони ман насб намуданд. Худи ҳозир рафта тавозуни ҳамёнро пур мекунам ва хизматрасониҳои манзилию коммуналиро пардохт менамоям. Ташаккур барои маълумот!» – мегӯяд як нафар иштирокчӣ Инга КИРИКОВА.
Дар ширкати МегаФон иброз медоранд, ки баъд аз ин гуна вохӯриҳо донишу маҳорати муфид ба зудӣ паҳн мешаванд ва иштирокчиёни вохӯриҳо маълумоти дастрасшударо ба дӯстону наздикони худ мерасонанд. Агар ҳар як истифодабарндаи фаъоли хизматгузориҳои интернетӣ ақаллан ду нафарро омӯзонад, он гоҳ сатҳи донишу маҳорати рақамии шаҳрвандон дар маҷмӯъ дар кишвар афзун мегардад. Ин гуна чорабиниҳои дастурдиҳӣ минбаъд низ мунтазам баргузор карда мешаванд.
«Ман ҳамеша лоиҳаҳои кормандонро, ки барои ҷорикунии хизматрасониҳои рақамии инноватсионӣ равона гардидаанд, дастгирӣ менамоям. Рисолати мо дар пешниҳоди имкониятҳо, расонидани кӯмак дар корҳои ҳаррӯзаи шаҳрвандон ва осонтару қулай гардонидани ҳаёти онҳо ифода меёбад. Хушҳол аз онем, ки меҳмонон хизматрасониҳои навинро аз бар намуда, вақти худро сарфа менамоянд ва аз хизматгузориҳои муфид баҳравар мешаванд!» – баён намуд Анатолий ИЗЮМНИКОВ, Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон»