Дар шаҳри калон пайдо кардани алоқа осон аст. Аммо, вақте ки манфиатҳои тиҷоратӣ ба иншооти дурдаст — масалан НБО меоранд, кор ранги дигар дорад. Ба чунин ҳолат менеҷери сомонаи байналмилалии (роҳбари иншооти) ташкилоти машваратии «Sofreco & Stucky» Малхаз ОРАГВЕЛИДЗЕ дучор шуд. Вале, дар минтақаи кӯҳии Тоҷикистон низ мавсуф роҳи ҳалли масоили кориро бо истифода аз телефон пайдо кардааст.
- Чӣ гуна алоқа ба тиҷорати шумо кӯмак менамояд?
- Бинобар хусусиятҳои фаъолияти худ, аксар вақт ба ман муяссар мегардад, ки аз идора бароям. Аз ин рӯ, алоқаи мобилии босифат ҳамеша зарур мебошад. Ин махсусан дар чунин иншоотҳо, ба монанди НБО, ки дар онҳо зарурати таъҷилан ҷавоб додан ба саволҳо ба миён меояд, муҳим аст. Инчунин, интернете лозим аст, ки "қатъ" нагардад ва барои ирсоли файлҳои калонҳаҷм имконият диҳад. МегаФон Тоҷикистон дар рафъи ин мушкилот кӯмак намуд. Дар ҳудуди НБО махсус пойгоҳи базавии 4G насб шудааст, суръати интернети мобилӣ дар ин ҷо шабеҳи суръат дар шаҳрҳои калон аст. Умуман, пандемия танҳо нақши бузурги алоқа ва интернетро ишора намуд. Бидуни онҳо, иқтисоди ҷаҳонӣ шикаст ёфта метавонист.
- Ба фикри шумо, чаро истифодаи алоқаи корпоративӣ нисбат ба ҷуброни хароҷоти "алоқаи телефонӣ"-и кормандон муфидтар аст?
- Тарофаи корпоративӣ қулайтар аст. Ба эътимоднокии алоқа итминон дорем. Он бемаҳдуд буда, новобаста аз маблағи тавозун ҳамеша занг задан мумкин аст. Дилхоҳ масоили "мобилӣ" зуд ҳал карда мешаванд, зеро масъулине ҳаст, ки бо мо 24/7 кор мекунад. Умуман, ин барои ширкат ҳам қулай ва ҳам муфид аст. Аз ин рӯ, 99% кормандони мо аз алоқаи корпоративӣ истифода мебаранд. Ман махсус мехостам дар бораи замимаи «МегаФон Life» қайд намоям. Дар он метавонем ҳуҷҷатҳоро мубодила кунем, чат ташкил намоем ва онро ҳамчун паёмрасон, дар сурати дастнорас будани Telegram ё WhatsApp, истифода барем. «МегаФон Life» – воситаи беҳтарин барои муттаҳидсозии кормандони ширкат ва онро тавсия медиҳам.
- Чанд муддат аст, ки шумо хизматрасониҳои МегаФонро истифода мебаред? - Зиёда аз чор сол. Муддати кофист, ки ба онҳо баҳои сазовор дода шавад. Ман худам аз Гурҷистонам ва вақте фаҳмидам, ки бояд дар Тоҷикистон кор кунам, пеш аз ҳама дар ҷустуҷӯи маълумот дар бораи ширкатҳои мобилӣ шудам. Дидани минтақаи фарогирии 4G муҳим буд, зеро фаъолияти кориам хусусиятҳои хос дорад ва дур аз хона ман мехоҳам бо хешовандонам дар тамос бошам, онҳоро дар экрани телефон бубинам. Аз рӯи фарогирии 4G, ман МегаФонро интихоб кардам. Он дорои суръати баландтарини интернети мобилӣ мебошад. Дар тӯли чор сол боз ҳам итминон дорам, ки интихоби дуруст кардам.