МегаФон Тоҷикистон

Хатлон ба сӯйи 4G қадамҳои судманд ниҳод

Муҳлати мутолиа: 1 мин
Хатлон ба сӯйи 4G қадамҳои судманд ниҳод

Дар натиҷаи муосиркунонии бомиқёс даҳҳо ҳазор сокинони вилояти Хатлон барои истифодаи интернети босуръати 4G ва хизматрасониҳои дар заминаи он пешниҳодшаванда, аз ҷумла барои истифодаи порталҳо барои дӯстдорони синамо ва мусиқӣ, замимаҳои мухталифи мобилӣ, fintech-хизматрасониҳои қулай барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ имконияти муносибро ба даст оварданд. Миқдори умумии пойгоҳҳои базавии 4G-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон дар соли 2021 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишин алоқаи 4G бори нахустин пайдо гардид. Ҳамин тариқ, интернети босуръати мобилӣ ба ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик ворид шуд. Сокинони маҳаллӣ афзалиятҳои шабакаи насли чорумро баланд арзёбӣ намуданд: айни замон онҳо онлайн-видеои босифатро дар YouTube фаъолтар тамошо карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо аксу видеои худро мегузоранд.

Технологияи 4G имкон медиҳад, ки суръати интернети мобилии барои пешниҳоди хизматрасониҳои муосири рақамӣ кифоябуда дастрас карда шавад. Маҳз бо ҳамин сабаб МегаФон Тоҷикистон ба алоқаи насли чорум диққати махсус зоҳир менамояд. Дар тамоми ҳудуди Хатлон пойгоҳҳои базавии ин шакл ба кор дароварда мешаванд. Ба ғайр аз ин, таҷҳизоти 4G дар майдонҳои қаблан бунёдшудаи 2G/3G ба кор дароварда шуда, қобилияти гузариши такмил бахшида мешавад. 

“1,5 маротиба зиёд гардидани миқдори пойгоҳҳои базавӣ дар давоми як сол – ин як қадами бузург ба сӯи оянда мебошад. Дигаргуншавии одатҳои муштариёнамонро мо баръало бо чашми худ мебинем. Қаблан доираи имкониятҳои сокинони ноҳияҳо бо ирсоли паёмакҳо дар паёмрасонҳо маҳдуд буд, алҳол бошад, онҳо аз зангҳои видеоӣ кор мегиранд ва файлҳои бузургҳаҷмро ба якдигар ирсол менамоянд. Корҳо оид ба инкишофи шабакаи 4G ба мо имкон медиҳанд, ки ба интизориҳою талаботи муштариён ҷавобгӯ бошем”, - мегӯяд Маҷид САЙТАСАНОВ, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2