МегаФон Тоҷикистон

Муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” тафсилотро дар замимаи “МегаФон Life” дастрас карда метавонанд

2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” тафсилотро дар замимаи “МегаФон Life” дастрас карда метавонанд

“МегаФон Тоҷикистон” – аввалин оператори рақамии кишвар, доираи вазифаҳои замимаи мобилии “МегаФон Life”-ро васеъ менамояд. Акнун истифодабарандагон аз санаи 1.11. соли 2019 имкон доранд, ки аз рӯйи рақами худ тафсилотро бевосита бо ёрии смартфон дастрас намоянд.

 

Оператор инкишофи воситаҳои худхизматрасониро ба манфиати мизоҷони худ идома медиҳад. Агар қаблан тафсилоти хароҷотҳо танҳо ҳангоми муроҷиат ба идораи ширкат ё дар “Ҳуҷраи шахсӣ” (lk.megafon.tj) дастрас буд, айни замон он тариқи онлайн инчунин дар замимаи “МегаФон Life” дастрас мебошад.

 

Гирифтани онлайн-тафсилот дар ду шакл имконпазир аст. Тафсилоти максималӣ маълумотро дар бораи зангҳо, SMS ва сессияҳои интернетӣ дар бар мегирад. Арзиши хизматрасонӣ дар ин ҳолат 0,30 сомониро барои як рӯз ташкил медиҳад. Тафсилоти минималӣ маълумотро дар бораи сессияҳои интернетӣ дар бар нагирифта 0,20 сом. дар як рӯз ташкил медиҳад. Фармоиши тафсилот барои давраи аз як шабонарӯз то 12 моҳ дастрас мебошад.

 

Барои гирифтани тафсилот дар “МегаФон Life” мебояд дар замима ба “Ҳуҷраи шахсӣ” ворид шуда, банди “Детализация” (“Тафсилот”)-и феҳрист, варианти лозимӣ (максималӣ ё минималӣ) ва давраро интихоб намуд. Сипас бояд суроғаи почтаи электроние, ки ба он ҳисобот ирсол ирсол карда мешавад, нишон дода шуда, барои тасдиқкунии амал рамзи чоррақамае, ки ба воситаи SMS аз ҷониби оператор фиристода мешавад, ворид карда шавад. Пас аз ин тафсилот ба почтаи муштарӣ ирсол карда мешавад.

 

Агар муштарӣ бо мақсади ҳифзи маълумоти шахсӣ ба тариқи онлайн дастрас будани тафсилот (масалан дастрас будани онро дар компютере, ки на танҳо аз ҷониби ӯ истифода карда мешавад), нахоҳад, ӯ метавонад тариқи муроҷиат ба толори алоқаи ширкат ё анҷоми даъват ба Маркази тамоси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хизматрасонии “Манъи баровардани тафсилот”-ро фаъол намояд. Пас аз фаъолшавии ин хизматрасонӣ гирифтани тафсилот танҳо ба тариқи анъанавӣ – ҳангоми бо шиноснома шахсан ба идораи хизматрасонӣ омадан дастрас хоҳад буд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2