Муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» роҳи зуд ва осони гирифтани қарзҳоро ба тавозуни телефони худ ё ба ҳисоби худ дар ҶСП ТАҚХ «Хумо» пайдо намуданд. Маблағҳое, ки бо ёрии хизматрасонии «Қарзи осони Хумо» гирифта шуданд, барои интиқол ба кортҳои системаи «Корти миллӣ», пардохти харид тавассути «Ҳамён»-и замимаи мобилии «МегаФон Life» ё нақдкунӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои «Хумо» дастрас мебошанд.
Барои пайвасткунии хизматрасонии «Қарзи осони Хумо» муштарӣ бояд ба дилхоҳ идораи хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо нусхаи асли шиносномаи амалкунандаи шаҳрванди ҶТ бо қайди РМА муроҷиат намояд. Баъд аз гузаштани тартиби мушаххасгардонӣ аз рӯи шиносномаи ID ва бастани шартномаҳои зарурӣ гирифтани қарз аз 50 то 3 000 сомонӣ, танҳо бо ирсоли USSD-дархост аз телефони худ, имконпазир мегардад.
Барои санҷидани дастрасии қарз рақамчинии комбинатсия бо қайди ададҳои РМА-и худ дар шакли *404*РМА# лозим аст. Дар давоми на зиёдтар аз 60 дақиқа баъд аз гирифтани SMS-ҷавоб оид ба дастрасии қарз ва ҳаҷми он бояд дархости *404*1*500# (ки дар он 500 – маблағи қарз аст) бояд рақамчинӣ шавад. Дар ин сурат маблағҳо ба тавозуни рақами телефонӣ ворид мешаванд.
Агар қарз барои пур кардани ҳисоб дар ҶСП ТАҚХ «Хумо» лозим бошад, он гоҳ дархост дар намуди: *404*2*маблағи қарз# рақамчинӣ мешавад. Дар баробари ин, ҳисоб ба таври автоматӣ кушода шуда, маблағҳои пулиро аз дилхоҳ филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии бонкии ҶСП ТАҚХ «Хумо» гирфтан мумкин аст.
Қарз бояд дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ адо карда шавад. Баъд аз адокунии қарз дар ҳисоби муштарӣ бояд на камтар аз 5 сомонӣ боқӣ монад.
«Хизматрасониҳои мобилӣ акнун на танҳо барои пардохти ғайринақдии молҳо ва хизматрасониҳо, балки барои гирифтани маблағҳои зарурӣ низ кӯмак мерасонанд. Ҳамкорӣ бо «Хумо» ҷиҳати васеъгардонии доираи имкониятҳои муштариёни мо ва ба онҳо пешниҳод кардани боз як воситаи қулайи молиявӣ мусоидат менамояд», – иброз медорад директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
«Ба мо пешниҳоди хизматрасониҳои инноватсионӣ, маъмул ва сифатноки молиявӣ, бо мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳим аст. Маҳсули муштараки мо «Қарзи осон» унсурҳои ҷадиди технологиро дар бар гирифта, барои пешниҳоди қарз ҳамагӣ дар 5 дақиқа дар реҷаи 24/7 имконият медиҳад» - мегӯяд Роҳбар оид ба инноватсияҳои ҶСП ТАҚХ «Хумо» Баҳром САЙДУЛЛОЕВ
Хизматрасонии «Қарзи осони Хумо» ройгон пайваст карда мешавад ва то лаҳзаи қатъкунии он аз тарафи муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» амал менамояд.
Муфассалтар: www.megafon.tj [ http://www.megafon.tj/ ] ва www.humo.tj [ http://www.humo.tj ]