МегаФон Тоҷикистон

Меъморон ва бинокорони “заминаи рақамӣ”

  • Ширкат
  • Технология
40 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Меъморон ва бинокорони “заминаи рақамӣ”

Дар паси кори устувори дилхоҳ хизматрасониҳои рақамӣ инфрасохтори мураккаби технологӣ ва кормандони касбие меистанд, ки онро дастгирӣ намуда, рушд медиҳанд. Дар хусуси он ки ин “замина” чӣ гуна ташкил карда мешавад ва дар бораи салоҳиятҳое, ки барои мутахассисони IT заруранд, роҳбари хизматгузориҳои асосии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Темур Абдуллоев маълумот медиҳад.

 

- Самти фаъолияти шумо барои кадом вазифаҳо масъул аст ва он дар сохтори ширкат чӣ нақш мебозад?

- Барои хизматрасониҳои ба истилоҳ асосӣ – системаҳои базавии IT, ки дар заминаи онҳо кори бисёр равандҳои дохилӣ ташкил карда мешавад. Контроллери домен дар заминаи Active Directory, инфрасохтори манбаъҳои кории виртуалӣ (VDI), почтаи корпоративӣ, системаи аутентификатсияи дорои ду омил ва дигар хизматрасониҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ғайр аз ин, мо дар заминаи Маркази коркарди маълумоти худ (МКМ) барои мизоҷони корпоративӣ имкониятҳоро пешниҳод менамоем. Онҳо метавонанд дар заминаи мо серверҳои худро ҷойгир намоянд, мо бошем қисмати техникиро таъмин мекунем – ин насби таҷҳизот, пайвасткунии серверҳо ба пояҳо мебошад. Ба туфайли ин, мизоҷони тиҷоратӣ инфрасохтори тайёр ва хеле боэътимодро бе зарурати ташкил намудани МКМ-и хусусӣ дастрас менамоянд.

 

Дар мавриди нақши мо бошад, мо аслан – меъморон ва бинокорони он заминае ҳастем, ки дар он тамоми хизматрасониҳои рақамии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият мекунанд. Ба меъморӣ, идоракунии таҷҳизоти серверӣ машғул ҳастем, серверҳои воқеӣ ва системаҳои нигоҳдории маълумотро интихоб мекунем, месанҷем ва ҷорӣ менамоем. Вазифаи мо – интихоби конфигуратсияҳои муносиби протсессорҳо, хотира ва системаҳои дискҳо барои вазифаҳои мушаххаси тиҷоратӣ мебошад, то ки истеҳсолнокии баланд бо хароҷоти камтар таъмин карда шавад. Қисми муҳими кор – виртуализатсия мебошад. Ба ҷои он ки барои ҳар як замима сервери алоҳидаи воқеиро ҷудо кунем, мо аз технологияҳое истифода мебарем, ки имкон медиҳанд даҳҳо ва ҳатто садҳо мошинҳои виртуалӣ дар як сервер ба кор андохта шаванд.

- Инфрасохтори серверии ширкат чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Маҳз айни замон раванди муносибгардонии он, тадриҷан гузаронидани сервисҳои дохилӣ ба таҷҳизоти нисбатан муосир бо нигоҳдории баланди қобилияти корӣ ҷараён дорад. Дар соли 2025 мо технологияҳои vMotion ва High Availability-ро ҷорӣ намудем. Онҳо имкон медиҳанд, ки қарорҳои кластерӣ татбиқ гардида, кори устувори сервисҳо ҳатто ҳангоми вайроншавии таҷҳизот таъмин карда шавад. Ин як қадами муҳим барои баланд бардоштани эътимоднокии тамоми инфрасохтори мо мебошад. Платформаи асосии виртуализатсия, ки мо онро истифода мебарем, VMware ба ҳисоб меравад. Бо ёрии он захираҳоро самаранок идора кардан, сарбориро байни серверҳо тақсим намудан ва кори устувори сервисҳоро таъмин кардан мумкин аст.

- Кадом мутахассисон дар самти фаъолияти шумо кор мекунанд ва онҳо бояд дорои кадом салоҳиятҳо бошанд?

- Имрӯз дар дастаи мо DevOps-муҳандис, муҳандиси калон ва муҳандиси инфрасохтор фаъолият доранд. Ҳар кадоми онҳо барои қисмати платформаи технологии худ – аз таҷҳизоти серверӣ ва системаҳои нигоҳдории маълумот то муҳити виртуалӣ ва автоматикунонии инфрасохтор масъул мебошанд. Барои чунин мутахассисон донистани системаҳои амалиётии Linux ва Windows Server, дарки технологияҳои шабакавӣ ва принсипҳои виртуализатсия махсусан муҳиманд. Инчунин малакаҳои кор бо таҷҳизоти серверӣ, системаҳои нигоҳдории маълумот ва SAN-коммутаторҳо заруранд. Инфрасохтори муосир торафт мураккабтар мешавад, бинобар ин муҳандисон бояд дарк кунанд, ки чӣ тавр ҷузъҳои гуногуни система – серверҳо, шабакаҳо, системаҳои нигоҳдории маълумот ва платформаҳои барномавӣ бо якдигар алоқамандӣ доранд.

 

- Барои мутахассисоне, ки мехоҳанд ба дастаи шумо ҳамроҳ шаванд, кадом имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд?

- Пеш аз ҳама имконияти кор кардан на танҳо бо якчанд сервер, балки бо инфрасохтори бузург, ки кори digital-хизматрасониҳоро барои миллионҳо муштариён таъмин менамояд. Ин мутахассисонро соҳиби  таҷрибаи нодири лоиҳакашӣ ва корбурди системаҳои нигоҳдорандаи қобилияти корӣ бо сатҳи дастрасии то 99,99% мегардонад. Мо инфрасохтори дохилии ширкатро фаъолона рушд медиҳем. Муҳандисон бо технологияҳои муосири виртуализатсия кор мекунанд, контейнеризатсияро бо истифода аз Docker ҷорӣ менамоянд, ба корбурд ва танзими системаҳои нигоҳдории маълумоти сатҳи SAN ва NAS машғуланд. Ғайр аз ин, мо тадриҷан аз танзими дастии серверҳо даст кашида, автоматикунонии инфрасохторро инкишоф медиҳем. Барои ҷойгиркунӣ ва идоракунии системаҳо аз воситаҳое чун Ansible ва Terraform истифода бурда мешавад. Содда карда гӯем, мутахассис ба муҳити корие ворид мегардад, ки он ҷо зуд ба мутахассиси ҳирфаӣ табдил меёбад. Инчунин муҳим аст, ки мо ташаббусро дастгирӣ менамоем. Агар корманд идеяҳоро оид ба муносибгардонии равандҳо ё ҷорикунии технологияҳои нав пешниҳод кунад, ӯ барои амалӣ намудани онҳо дар дохили ширкат тамоми имкониятҳоро дорад. Барои чунин таҷриба месазад, ки ба дастаи мо ҳамроҳ шуд.

Дарҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои мутахассисони боистеъдод, ки мехоҳанд бо технологияҳои муосир кор кунанд ва дар рушди инфрасохтори рақамӣ иштирок намоянд, ҳамеша бозанд. Шинос шудан бо ҷойҳои кории холии нав ва ҳамроҳшавӣ ба дастаи оператор дар сомонаи https://jobmf.tj/ ⁠ имконпазир аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2