МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон нахустин шуда дар кишвар пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ роҳандозӣ кард

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
  • Аксияҳо
41 боздид
Муҳлати мутолиа: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон нахустин шуда дар кишвар пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ роҳандозӣ кард

Ба муносибати 25 солагии худ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” намунаи навшудаи сомонаи megafon.tj-ро пешниҳод намуд. Платформа дорои интерфейси муосир ва навигатсияи такмилёфта мебошад. Навоварии муҳим – имконияти пайвасткунии мукаммали тарофаҳо ва хизматрасониҳо ба таври онлайн мебошад. МегаФон Тоҷикистон аввалин оператори телекоммуникатсионӣ дар кишвар гардид, ки ин функсияро ба меҳмонони сомона пешниҳод намуд.

 

Акнун дар сомонаи ширкат корбарон метавонанд хариди SIM-кортро ташкил намоянд, тарофаро интихоб ва пайваст кунанд, хизматрасониҳои иловагиро ҳамроҳ намуда, тамоми раванди барсасмиятдарориро бидуни гузариш ба мағозаи алоҳидаи интернетӣ гузаранд. Ҳамин тариқ, имкониятҳои мизоҷ комилан рақамӣ гардида, ба таври назаррас вусъат ёфтанд.

“Ҳадафи мо – таъмини роҳати бештар барои муштариён новобаста аз он ки онҳо кадом усули хизматрасониро интихоб мекунанд, мебошад. Аз ин рӯ, сомонаи расмии ширкат низ функсияҳои худро васеъ намуда, қулайтар гардид: тамоми онлайн-воситаҳои зарурӣ акнун дар як манбаъ ҷамъоварӣ шудаанд. Хурсандиовар аст, ки дар ин самт низ мо дар бозори телекоммуникатсионӣ навовар ҳастем”, - қайд кард Артемий Пономарёв, директори самти тиҷорат ва рушди бизнеси ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Сомонаи навшуда дар рангҳои маъмулии брендӣ тарҳрезӣ шудааст, аммо дар баробари ин, навигатсия такмил дода шуда, пурра барои дастгоҳҳои мобилӣ мутобиқ гардонида шудааст. Пешниҳоди маълумот содда карда шудааст: истифодабарандагон метавонанд моҳияти тарофа ё хизматрасониҳо, афзалиятҳои асосии онҳоро аз сонияҳои аввал ба таври воқеӣ дарк намоянд. Масалан, ҳангоми интихоби тарофа таваҷҷуҳро ба маслиҳатҳои пешниҳодшудаи “Дақиқаҳои бештар” ё “Интернети бештар” равона кардан мумкин аст.

Имкониятҳои ҳуҷраи шахсии муштарӣ низ васеъ карда шудаанд. Баъд аз бақайдгирӣ корбарон метавонанд тавозуни ҷориро аз назар гузаронанд, холҳои бонусии ҷамъшударо бубинанд, тарофаҳо ва хизматрасониҳои пайвастшударо назорат намоянд.

Айни замон сомона бо забонҳои тоҷикию русӣ фаъолият намуда, ояндаи наздик намунаи англисӣ низ роҳандозӣ мегардад. Ин дастрасӣ ба хизматрасониҳои ширкатро барои сайёҳон ва мутахассисони хориҷие, ки дар кишвари мо кор мекунанд, осон менамояд.

Ба megafon.tj ворид шавед, то тамоми навсозиҳоро баҳогузорӣ карда, сомонаро ба ёвари ҳаррӯзаи худ дар ҷаҳони алоқа табдил диҳед!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2