Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариёни наве, ки ба тарофаҳои силсилаи машҳури «Биё! 2020» пайваст мешаванд, имконияти омӯхтани хизматрасониҳои рақамиро дар формати бозии хайримақдамӣ пешниҳод менамояд. Иштирокчиёни он бо замимаи қулайи «МегаФон Life», порталҳои фароғатӣ ва онлайн-мушовирон шудан мумкин аст. Туҳфаи асосӣ барои онҳое, ки аз тамоми марҳилаҳои бозӣ гузаштанд, - 10 000 МБ трафики интернети мобилӣ мебошад.
Иштирокчиёни бозӣ метавонанд бо порталҳои дӯстдорони кино ё мусиқӣ, ба монанди "Арбуз ТВ", "MegaMovie" ё "Mega Music" шинос шаванд, тарзи пардохти маблағи харидҳоро тариқи «Ҳамён» дар замимаи "MegaFon Life" омӯзанд ва онлайн-машварат гиранд. Пешниҳоди иштирок дар бозӣ рӯзи дигар пас аз пайвастшавӣ ба шабакаи "МегаФон Тоҷикистон" дар шакли SMS аз номи ирсолкунандаи "Welcome" ворид мегардад.
Дар сурати розӣ шудан, муштарии навро панҷ супориш интизор аст. Барои ҳар яки онҳо вақти муайяне ҷудо карда мешавад, ки супоришҳоро саривақт иҷро намуда, Муштарӣ ҳамаи бонусҳо ва туҳфаи асосиро дар намуди бастаи калони интернетии ройгон, ки 30 рӯз эътибор дорад, ба даст меорад.
«Бозии хайрамақдамӣ як навъ машқ барои муштариёне хоҳад буд, ки тарофаҳои нав ва хизматрасониҳои рақамиро меомӯзанд. Шумо инро худатон карда метавонед, вале мо на танҳо мутобиқшавӣ ба шабакаи худ, балки ба даст овардани бонусҳои муфидро низ пешниҳод менамоем. Ин хеле ҷолибтар аст! Ғайр аз ин, туҳфа аз рӯи ҷамъбасти супориши финалӣ – 10 000 МБ-ро, масалан барои бастаи «Биё! Фаъол бош 2020», бо трафики бештар аз нимсола муқоиса кардан мумкин аст», – иброз намуд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Дар бозии хайрамақдамӣ танҳо як маротиба иштирок кардан мумкин аст.