“МегаФон Тоҷикистон” миқдори толорҳоро дар вилояти Хатлон ду маротиба зиёд намуд
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” якбора 13 толори нави фирмавиро дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд. Васеъшавии назарраси шабакаи хусусӣ имкон медиҳад, ки ба ҳазорҳо муштариёни дар шаҳрҳо ва деҳоти хурди минтақа истиқоматкунанда ба таври иловагӣ хизматрасонии баландсифат расонида шавад.Толорҳои нави фирмавӣ дар шаҳрҳои Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), Кулоб, Норак, ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Восеъ, Ёвон, Данғара, Панҷ, Фархор, Шаҳритус ва Қубодиён кушода шуданд. На танҳо дар шаҳрҳои калон, балки инчунин дар нуқтаҳои аҳолинишине, ки дар онҳо наздики 5000 нафар истиқомат мекунанд, ба муштариёни оператор дилхоҳ хизматрасониҳо – аз пайвастшавӣ ба шабака ва ивази сим-корт то машваратҳо оид ба танзимнамоии гаҷетҳои мобилии аз рӯйи технологияҳои баланд истеҳсолшуда дастрас мегарданд “Мо ҳамеша ба он кӯшиш мекунем, ки хизматрасонии босифатро ба мизоҷон дар худи наздики хонаҳояшон дастрас гардонем. Маҳз ҳамин мақсад боиси инкишофи васеи шабакаи хусусӣ дар соли 2018 гардид. Тӯли муддати кӯтоҳ миқдори толорҳо қариб ду маротиба афзоиш дода шуд – акнун дар ҳудуди Хатлон 30 толори фирмавӣ ва се толори монобрендии ширкат фаъолият доранд”, - иброз дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.