МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон ғолибони мусобиқаро мукофотонида, барои аниқкунии харитаи Душанбе кӯмак намудааст

74 боздид
Муҳлати хондан: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон ғолибони мусобиқаро мукофотонида, барои аниқкунии харитаи Душанбе кӯмак намудааст

Дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ба анҷом расиданд, ки дар рафти онҳо иштирокчиён GPS-маълумотро оид ба нуқтаҳои гуногуни ҷуғрофӣ ҷамъ оварда, барои санҷиши замимаи нав оид ба навигатсияи нақлиёти ҷамъиятӣ бо номи Dushanbe 2Go кӯмак карданд. Шарики лоиҳае, ки Mapathon (Mapaton) ном гирифтааст, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошад. Оператор ҳамаи иштирокчиёнро бо интернети мобилӣ таъмин карда, барои ғолибон туҳфаҳо омода намудааст.   

Замимаи Dushanbe 2Go аз ҷониби дастаҳои “Илмхона” ва Design Beive Design & Development таҳия карда мешавад. 13 даста довталабона озмоиши ин барномаро анҷом доданд ва дар тӯли мусобиқа маълумот оид ба 1241 нуқта дар ҳудуди пойтахт ҷамъ оварданд. 35 хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне ҳамаи автобусҳо ва троллейбусҳои шаҳри Душанбе, ба харита дохил карда шуданд.

Аз рӯи миқдори нуқтаҳои пайдокардашуда ва аниқияти онҳо дастаи Акмал Отамбеков ва Амин Мирзоев пешсаф шуда, ба онлайн-харита 162 мавқеъро ворид намуданд. Ҷои дуюм насиби Шухрат Хоҷаев ва Умед Сабзаев гардид. Онҳо дар умум 132 мавқеъро пайдо намуданд. Ҷои сеюмро Хушанг Камолиддинов ва Сафина Гуломова бо нишон додани 121 нуқта дар харита ба даст оварданд. Ба ғолибон туҳфаҳо аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» супорида шуданд.

«Dushanbe 2Go, бешак,   барои меҳмонон ва сокинони пойтахт замимаи муфиди мобилӣ хоҳад шуд. Мо, ҳамчун шарикони мусобиқа, кӯшиш кардем, ки то оғози он иштирокчиёнро бо замимаҳои муфид таъмин намоем. SpeedTest ва MegaFon Life дар смартфонҳои иштирокчиён барои чен кардани суръати Интернет ва идоракунии хизматрасониҳои алоқа ё сарфи маблағ мемонанд», – иброз дошт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2