МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон бозии дастаи мунтахаби футболро бо Ҷопон дар “Арбуз ТВ” нишон медиҳад

Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон бозии дастаи мунтахаби футболро бо Ҷопон дар “Арбуз ТВ” нишон медиҳад

Ба наздикӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон муборизаро барои ҳуқуқи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки дар соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, идома хоҳад дод. Бозӣ бо Ҷопон дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе санаи 15 октябр баргузор мегардад. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати шарики расмии федератсияи футболи кишвар пахши мустақими ин мусобиқаро дар замимаи “Арбуз ТВ” ташкил менамояд.

 

Бозиҳо дар гурӯҳи F, ки ба он дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дохил мешавад, дар моҳи сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Дастаи Тоҷикистон аллакай ду мусобиқаро пас сар карда, зимни он дастаҳои Муғулистон ва Қирғизистонро бо ҳисоби якхелаи 1:0 мағлуб намуд. Вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон бозии сеюми байналмилалии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба ЧҶ-2022 ба ҳисоб меравад.

 

“Мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамеша ҷолибанд, махсусан вақте ки иштирок дар рӯйдоди муҳимтарини сайёра оид ба футбол – Чемпионати ҷаҳон дар меҳвари диққат қарор дорад. Барои ҳамин, мо мехоҳем, ки бозиро бо Ҷопон теъдоди ҳарчи бештари мухлисон бубинанд. Пахши онлайни мусобиқа дар замимаи мобилии “Арбуз ТВ” имкон медиҳад, ки корзори варзишӣ дар дилхоҳ макон – дар хона ва меҳмонӣ, дар мошин ва қаҳвахона пайгирӣ карда шавад. Ба мухлисони мо эҳсосоти барҷаста, ва ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон – танҳо пирӯзиро таманно дорем!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2