МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Life” ба соҳибкорон дар дастраскунии чиптаҳои Jam Forum Pro 2019 дар дилхоҳ нуқтаи Тоҷикистон кӯмак менамояд

Муҳлати мутолиа: 2 мин
“МегаФон Life” ба соҳибкорон дар дастраскунии чиптаҳои Jam Forum Pro 2019 дар дилхоҳ нуқтаи Тоҷикистон кӯмак менамояд

16 октябр дар “Суруш Холл”-и пойтахт анҷумани бомиқёси байналмилалии Jam Forum Pro 2019 баргузор карда мешавад. Он коршиносонро аз якчанд давлат ва наздики 500 иштирокчиён – соҳибкорону мутахассисони соҳаи PR, реклама, Digital-маркетинг ва рушди хусусиро ба ҳам меорад. Дастраскунии чиптаҳо ба чорабинии мазкур ба таври ғайринақдӣ – тавассути замимаи "МегаФон Life” имконпазир аст.

 

Jam Forum, ки аз ибтидо аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастгирӣ меёфт, дар кишвари мо аз соли 2015 гузаронида мешавад ва барои ашхоси корозмуда ба як навъ чорабинии дилхоҳ ва ҷолиб табдил ёфтааст. Он имкон медиҳад, ки баромадҳои коршиносони байналмилалӣ гӯш карда шуда, мавзуъҳое, ки дар ҷодаи PR-и муосир, соҳаи реклама, соҳаи маркетинг ва ташаккули бренд ба қатори масъалаҳои мубрам дохил мешаванд, мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шаванд. Акнун иштирок дар анҷуман боз ҳам осон гардид: чиптаҳоро метавон дар дилхоҳ нуқтаи Тоҷикистон тавассути “Ҳамён”-и замимаи мобилии “МегаФон Life” дастрас намуд.

 

Барои дастраскунии чиптаҳо бояд замимаи МегаФон Life кушода, фасли “Пардохти хизматрасониҳо” интихоб карда шуда, сипас дар фасли “Jam Forum Pro” яке аз ду намуди чиптаҳо – “Оддӣ” бо арзиши 300 сомонӣ ё “Махсус” бо арзиши 480 сомонӣ интихоб карда шавад. Баъди пардохт истифодабаранда SMS-паёмакро бо ID-рақами нодир ба даст меорад, ки онро ҳангоми воридшавӣ ба чорабинӣ нишон бояд дод. ID як маротиба амал мекунад, бинобар ин додани он ба шахсони сеюм тавсия дода намешавад.

 

“Мо кайҳо боз бо ташкилкунандагони Jam Forum муносибатҳои дӯстона дорем. Ҳамин тавр, дар соли 2016 МегаФон Тоҷикистон ба ҳайси шарики телекоммуникатсионии чорабинии мазкур баромад намуда, имкониятҳои интернети 4G-ро нишон дод. Ин бор ҳам технологияҳои муосири рақамӣ ба кор бурда мешаванд. Акнун барои дастраскунии чиптаҳои қоғазӣ зарурат мавҷуд нест – зеро замимаи мобилӣ ва мушаххасгардонӣ тавассути ID ҷараёни харидҳоро барои истифодабарандагони "МегаФон Life”, дар ҳар ҷое, ки онҳо қарор надошта бошанд, қулай ва босуръат менамояд”, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2