МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ “Устоди алоқа”!

  • Ширкат
8 боздид
Муҳлати хондан: 5 мин
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ “Устоди алоқа”!

МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ “Устоди алоқа”!

 

Дар ҷашни касбӣ – Рӯзи алоқа – маросими тақдими мукофотҳо ба беҳтарин намояндагони соҳаи телекоми кишвар сурат гирифт. Байни онҳое, ки бо унвони фахрии “Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд – панҷ корманди ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. 

Унвони фахрии аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшавандаро ду топ-менеҷери ширкат соҳиб гардиданд. Ин директори раёсати минтақавӣ (РМ) дар ВМКБ Раим Садоншоев, ки аллакай тӯли 18 сол раванди рушди алоқаро дар минтақаи аз ҳама баландкӯҳи кишвар роҳбарӣ менамояд, ва Далер Наимов, директори РМ дар ш.Душанбе ва НТМ, ки маҳз ҳамин ҷой дар ибтидо хизматрасониҳою технологияҳои пешрафта ҷорӣ ва санҷида мешаванд, соҳиб гардиданд.

Тӯли аллакай 19 сол Рустам Ҳотамов, роҳбари шуъбаи техникии РМ дар вилояти Хатлон устувории алоқаро нигоҳ дошта истодааст. Абдураҳмон Раҳимов бошад, бо собиқаи кории 21-солаи худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” доимо дар ҳолати корӣ бошад.

Бо унвони “Устоди алоқа” ҳамчунин Баҳром Носирҷонов, роҳбари самти корбурд, рушд ва хадамоти мизоҷони ТМСБ қадрдонӣ карда шуд. Номбурда ба фаъолият дар ширкат понздаҳ соли ҳаёти худро бахшида, алҳол барои сифат ва васеънамоии фарогирии интернети ноқилӣ масъулиятро ба зимма дорад.

Бо грамотаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абибулло Карачабеков, муҳандиси калон оид ба корбурди системаҳои ПБ ва ШТ мукофотонида шуд. Номбурда аллакай зиёда аз 19 сол ҷузъи дастаи “МегаФон Тоҷикистон” мебошад.

Инчунин дар Рӯзи алоқа расман натиҷаҳои телеком-ҷоизаи миллии Telecom Awards Tajikistan 2025 эълон гардиданд. МегаФон Тоҷикистон дар ду номинатсия ғолиб омад: “Беҳтарин имконияти корпоративии сол” ва “Беҳтарин хизматрасонии рақамии сол” (ки он замимаи мобилии “МегаФон Life” мебошад).

“Дар соле, ки ширкати мо 25-соли худро пур кард, қадрдонӣ кардани ҳамкорон бо мукофотҳои олӣ махсусан гуворост. Касбият, масъулияти баланд нисбати кор, ҳадафгирии натиҷаҳои дилхоҳ барои тамоми даста стандартҳои ниҳоят баландро муқаррар менамоянд. Мо самимона ифтихор аз он дорем, ки МегаФон Тоҷикистон яке аз ширкатҳои пешсаф дар кишвар аз рӯйи теъдоди кормандоне мебошад, ки дорои унвони “Устоди алоқа” ҳастанд, - мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2