МегаФон Тоҷикистон

Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
9 боздид
Муҳлати хондан: 3 мин
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар

Дар 25-умин солгарди худ МегаФон Тоҷикистон ба сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон тарофаҳои дастрасро пешниҳод намуд. Муштариёни ин минтақаҳо корбарони фаъоли интернети мобилӣ мебошанд, аз ин рӯ бастаҳои нав яке аз бузургтарин ҳаҷми трафики интернет – 100 ё 150 Гб-ро муофиқи интихоби истифодабаранда дар бар мегирад.

Хусусияти асосии силсилаи нав – тарофаҳо танҳо дар дохили минтақаи пайвастшавӣ амал менамоянд. Дар баробари ин, таркиби бастаҳои хизматрасониҳо яке аз пешниҳодҳои нисбатан муфиди оператор ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, маблағи тарофае, ки 150 Гб интернетро дар бар мегирад, 150 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Тарофаҳое, ки дар дигар минтақаҳо амал мекунанд, дар муқоиса бо чунин нарх 2-2,5 маротиба камтар трафик доранд.

На танҳо арзиш, балки дигар параметрҳои асосӣ низ дар худи номҳои тарофаҳо инъикос ёфтаанд. Масалан, “Суғд 100” 100 Гб трафики интернет, 100 SMS, 100 дақиқа даъватҳои овозиро ба дигар шабакаҳо ва рақамҳои шаҳрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад. Гирифтани маълумот дар бораи арзиш ва таркиби бастаҳои "Суғд 150", "Хатлон 100" ва "Хатлон 150" низ ба осонӣ имконпазир аст.

Ба ҳамаи тарофаҳои дохилӣ зангҳои бемаҳдуд ба дигар муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, интернети бемаҳдуд аз соати 00:00 то 06:59 бидуни маҳдудият аз рӯи суръат ва трафик, инчунин IVI - онлайн-кинотеатри маъруф бо сифати HD ва “Оила ТВ” – телевизиони муосири рақамӣ бо зиёда аз 150 шабака дохил карда шудаанд.

Нуктаи муҳим: дар давоми 4 моҳи аввал аз лаҳзаи пайвасткунии тарофаҳо барои Суғду Хатлон 50% тахфиф амал мекунад. Танҳо пас аз ба охир расидани ин муҳлат, маблағ дар ҳаҷми пурра ситонида мешавад.

Маълумоти бештар – дар ҷадвал:

Тарофаҳо барои Суғду Хатлон – пешниҳодҳои муфид барои минтақаҳои нисбатан фаъоли Тоҷикистон


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2