МегаФон Тоҷикистон

Тағйирёбии арзиши хизматрасонии “Нигоҳдории рақам”

  • Ширкат
22 боздид
Муҳлати хондан: 1 мин
Тағйирёбии арзиши хизматрасонии “Нигоҳдории рақам”

Аз 18 июни соли 2026 дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” арзиши хизматрасонии “Нигоҳдории рақам” тағйир меёбад.

Агар муштарӣ хизматрасониҳои пулакиро дар давоми зиёда аз 80 рӯзи тақвимиӣ паиҳам истифода набарад, ба таври автоматӣи хизматрасонии “Нигоҳдории рақам” фаъол мешавад. Он имкон медиҳад, ки рақам ва SIM-корт ҳатто ҳангоми муддати тӯлонӣ мушоҳида нашудани фаъолнокӣ нигоҳ дошта шаванд.

Арзиши хизматрасонӣ 1 сомониро дар як рӯз ташкил медиҳад. Агар маблағи ҳисоб барои пурра гирифтани пардохти абонентӣ нокифоя бошад, пардохт ҳар соат – ба андозаи 0,01 сомонӣ дар як соат то пурра ба охир расидани захираи тавозун гирифта мешавад.

Хизматрасонии “Нигоҳдории рақам” чунин имкониятҳо медиҳад:

·      Нигоҳдории ҳуқуқи истифодаи SIM-корт ва рақам ҳангоми набудани фаъолнокӣ дар давоми зиёда аз 80 рӯзи тақвимӣ;

·      Ҳимояи рақам аз қатъи автоматӣ ва фурӯши такрорӣ ба муштарии дигар;

·      Нигоҳдории пайвастагии рақам ба хизматрасониҳо ва сабтҳои баҳисобгирии муштарӣ.

Рақами худро ҳангоми муддати тӯлонӣ истифода накардани хизматрасониҳои алоқа нигоҳ доред.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2