МегаФон Тоҷикистон

Рамзи нави муҳаббат ба шаҳри Хуҷанд аз “МегаФон Тоҷикистон”

Муҳлати мутолиа: 2 мин
Рамзи нави муҳаббат ба шаҳри Хуҷанд аз “МегаФон Тоҷикистон”

Ба муносибати соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар маркази Хуҷанд арт-иншоотро бо навиштаҷоти “I love Khujand” насб намуд. Он на танҳо изҳори муҳаббат ба шаҳри азиз, балки як воситаи маъмулгардонии номи он, ташкили фазои ҷаззоб барои сокинону сайёҳон ба шумор меравад. Ифтитоҳи ботантана дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Маросими ботантанаи кушодашавии рамзи “I love Khujand” сокинони шаҳрро ҷамъ овард. Онҳо тавонистанд дар назди макони нави тамошобоб аксгирӣ намоянд – ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои ин мақсад минтақаи махсуси аксгириро ташкил карда дастрасии Wi-Fi-ро ба интернети босуръати мобилӣ таъмин намуд, то ки сокинон аксҳояшонро дар реҷаи вақти воқеӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта тавонанд.

Чун меҳмонони иззатманд зимни маросими ифтитоҳи макони нави тамошобоб роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ ва директори маҷмаии таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим ИБРОҲИМОВ иштирок намуданд. Онҳо ба “МегаФон Тоҷикистон” барои туҳфа изҳори миннатдорӣ карда қайд намуданд, ки чунин иншоотҳо дар хориҷа хеле маъруфанд: онҳо мароқи меҳмонони шаҳрро бедор намуда, ба яке аз маконҳое табдил меёбанд, ки дар он туристон аксҳои хотиравии худро мегиранд.

“Хушҳолам, ки мо низ як иншооти замонавии худро пайдо намудем. Ба шарофати он номи Хуҷанди бостонӣ, ки таърихи зиёда аз 2 500-сола дорад, дар хориҷи дуру наздики Тоҷикистон маъруф мегардад. Ва албатта, туҳфаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро худи сокинони Хуҷанд қадрдонӣ мекунанд – яқинан иншооти мазкур ба макони маъмулии мулоқоти сокинон табдил меёбад”, - зикр намуд сармуҳаррири ТВР “Танин” Қудратулло РАҲМАТОВ.  

“Мақсади мо – фаъолият намудан бар фоидаи сокинони Суғд бо назардошти умедвориҳои онҳо мебошад.  Барои ҳамин бо қарор кардем ба сокинон арт-иншоотеро ҳадя кунем, ки онҳо маротибаҳои зиёда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дархост менамуданд. Ба ғайр аз номи зебо, минтақа бояд инчунин дорои рамзи худ бошад, то ки муносибати муассири сокинону сайёҳон ба макони мазкур ба як шакли муайян дарояд. Умедворем, ки арт-иншооти “Хуҷандро дӯст медорам”, ки дар асоси ангораҳои муаллифӣ ба иҷро расидааст, ба яке аз маконҳои маъмули вилояти Суғд табдил меёбад”, - изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. 

Рамзи барҷаста ва олии “I love Khujand” дар майдони театри ба номи Камоли Хуҷандии воқеъ дар маркази шаҳр ва рӯ ба рӯйи Маҷмааи таърихиву-фарҳангии ”Қалъаи Хуҷанд” ҷойгир буда, яке аз маконҳои маъмулии аз ҷониби сокинону меҳмонони шаҳр боздидшаванда ба ҳисоб меравад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2