МегаФон Тоҷикистон

Пас аз корандозии 4G трафики интернети муштариёни МегаФон Тоҷикистон дар Рашт ва Лахш 60% афзоиш ёфт

Муҳлати мутолиа: 2 мин
Пас аз корандозии 4G трафики интернети муштариёни МегаФон Тоҷикистон дар Рашт ва Лахш 60% афзоиш ёфт

Тӯли чор моҳ пас аз роҳандозӣ шудани шабакаи насли чорум трафики интернети муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш яку ним маротиба афзоиш ёфт. Суръатҳои нави дастрасӣ ба мизоҷони оператор имкон дод, ки паёмрасонҳо ва хизматгузориҳои дигари қулайро аз худ намоянд.

Корандозии шабакаи 4G дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш дар фасли тобистон ба амал омада, бо Рӯзи ваҳдати миллӣ баробар омад. Ва агар то он лаҳза сокинони навоҳии мазкур танҳо алоқаи овозиро истифода мебурданд, айни замон бисёриҳо аллакай интернет-серфинг (воситаи пулкоркунӣ дар интернет), замимаҳои муфиди мобилӣ ва хизматгузориҳои дигари дар асоси интернети 4G фаъолияткунандаро аз худ намудаанд.

Доир ба одатҳои нави мобилии худ муштариён зимни ташриф ба идораҳои хизматрасонӣ сухан мегӯянд. Дар идораҳо мушовирон дар корандозии замимаи “МегаФон Life”, интихоби тарофаи нисбатан муосир ё смартфони то ҳадди имкон такмилёфта бо стандарти 4G кӯмак менамоянд. Зангҳои видеоӣ ба наздикони дар Россия кору фаъолияткунанда ва манбаъҳои фароғатии интернетӣ аз қатори имкониятҳои наве мебошанд, ки сокинони Рашт ва Лахш васеъ истифода мекунанд.

“Акнун ман дар YouTube роликҳоро зиёд тамошо карда, сурудҳои дӯстдоштаамро гӯш мекунам. Умуман интернет худ хеле босуръат ва қулай гардид. Фарқи суръати кунуниро аз суръатҳои қалӣ ман танҳо ҳозир эҳсос намудам”, - мегӯяд сокини ноҳияи Рашт Джунайдулло Тиллоев.

“Бо хешовандоне, ки дар ФР қарор доранд, муоширатро тавассути видео оғоз намудам. WhatsApp-ро якбора пас аз модернизатсияи шабакаи МегаФон Тоҷикистон ба кор даровардам. Хеле хуб, ки акнун ҳам паёмрасонҳо, ҳам сомонаҳои ҷолиб ба мо дастрас гардидаанд!” – мегӯяд сокини дигари Лахш Тилевалдӣ ТАҒОЕВ.

“Аз рӯйи суръати зиёдшавии трафики интернет метавон муайян намуд, ки то чи андоза муштариён аз минтақаҳои дурдаст воқеан ба интернети мобилӣ ниёз доранд. Барои бисёриҳо ин асосан воситаи нави муошират ва гирифтани маълумот маҳсуб меёбад. Бо пурсуҷӯи муфассали мизоҷоне, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, мо ба хулоса омадем, ки васеъкунии минбаъдаи шабакаи 4G пурра мувофиқи мақсад аст. Кӯшиш менамоем, ки аллакай дар солҳои наздик ҳар як муштарӣ аз имкониятҳои нави рақамӣ бархӯрдор бошад”, - изҳор дошт Парвиз ДАВЛАТОВ, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2