МегаФон Тоҷикистон

Овоздиҳӣ ба иштирокчиёни “Central Asia’s Got talent” бо МегаФон муфидтар аст

2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Овоздиҳӣ ба иштирокчиёни “Central Asia’s Got talent” бо МегаФон муфидтар аст

Дар Тоҷикистон овоздиҳӣ ба иштирокчиёни даври нимниҳоии намоиши телевизионии “Central Asia’s Got talent” оғоз ёфт. Як “истеъдоди беҳамто”-ро ҳайати ҳакамон, истеъдоди дуюмро тамошобинон интихоб хоҳанд кард. Анҷом додани ин кор осон аст: масалан, кофист, ки барои номзади писандомада SMS ба рақами 5021 равона карда шавад. Дар шабакаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба ҳайси шарики кулли намоиш баромад менамояд, арзиши чунин паёмак 75 дирам буда, он аз нархҳои операторони боқимондаи ҶТ ду маротиба арзонтар аст.

 

Овоздиҳӣ, ки аз рӯйи натиҷаҳои он иштирокчиёни даври ниҳоии “Got talent” муайян карда мешаванд, то рӯзи чоршанбе идома ёфта, соати 8:00 бо вақти Душанбе анҷом меёбад. Ғолибон дар даври аз ҳама ниҳоӣ, ки намояндагони чор давлати Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро ба ҳам хоҳад овард, иштирок менамоянд.

 

“Истеъдодҳои тоҷик барои ситораи сатҳи байналмилалӣ шудан ҳама имкониятҳоро доро мебошанд. Барои ҳамин мо мехостем, ки нафарони муаррификунандаи давлати мо интизориҳои теъдоди ҳарчи бештари тамошобинонро қонеъ гардонида тавонанд. Бо ҳамин сабаб мо барои SMS-ҳои зимни овоздиҳии халқӣ ирсолшаванда нархҳои аз ҳама пастро муайян кардем. Дар он ҳар як нафар иштирок карда метавонад! Ба истеъдодҳои тоҷик танҳо пирӯзиро таманно дорем!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2