Дар шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи ифтитоҳи намояндагии Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Идораи нав дар кӯчаи Ҷумъа Алӣ ҷойгир буда, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ барои хизматрасонии муштариён – шахсони воқеӣ ва кор бо мизоҷони корпоративии ширкат таъмин мебошад.
Дар маросими ифтитоҳ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур, муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Кӯлоб Бахром Садирзода, директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ва хабарнигорони ВАО-и пешбари минтақа ширкат варзиданд.
“Аллакай зиёда аз 150 ҳазор сокинони Кӯлоб ва навоҳии атрофи он муштариёни мо мебошанд ва ин рақам пайваста афзоиш меёбад. Ҳамарӯза ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” мизоҷони нав пайваст мешаванд. Чунин миқёси кор дар минтақа диққати махсусро нисбати инкишофи сатҳу сифати хизматрасонӣ тақозо менамояд. Бинобар ин, мо қарор кардем, ки ин бор дар Кӯлоб на танҳо боз як толор, балки намояндагии алоҳидаро кушоем, то ки он “роҳнамо”-и хизматрасониҳои пешрафта ва технологияҳои алоқа дар минтақа буда тавонад” – қайд намуд Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар бозори кишвар аллакай 20 сол фаъолият мекунад. Тӯли ин муддат дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он зиёда аз 170 пойгоҳҳои базавӣ насб карда шуда, зиёда аз қариб 40 нуқтаи фурӯшҳои оператор кушода шудаанд. Аз ҳама бештар мизоҷони толорҳои фирмавӣ тарофаҳои “Биё! Фаъол бош 2020” ва “Биё! Бубин 2020”-ро пайваст мекунанд. Инчунин силсилаи тарофаҳои нави “Аз ту оғоз мегардад!” бо шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои бемаҳдуд ва зангҳои ройгон дар дохили шабака хеле маъмул аст. Муштариён замимаи “МегаФон Life”-ро низ барои зангҳо ба давлатҳои ИДМ ва ҳисоббаробарокуниҳои мобилӣ фаъолона истифода мебаранд. Намояндагии нав имкон медиҳад, ки феҳристи хизматрасониҳои дастраси рақамӣ васеъ карда шуда, аз ҳама муҳим – пешниҳодҳои тарофавии ҷолиби диққати сокинони маҳаллӣ таҳия карда шаванд.
“Ҳангоми таҳияи тарофаву хизматрасониҳо ширкат хусусиятҳои минтақа ва дархосту хоҳишҳои муштариёнро ба назар мегирад. Бо кушода шудани намояндагии нав анҷоми ин кор осонтар мешавад. Мутмаинам, ки сокинони Кӯлоб чунин муносибати инфиродиро баланд арзёбӣ намуда, масоили рақамии худро ба таври фаврӣ ҳал хоҳанд кард”, - изҳор дошт директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҷид САЙТАСАНОВ.
Намояндагӣ дар шаҳри Кулоб рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият мекунад. Шанбе ва якшанбе – рӯзҳои истироҳат.