МегаФон Тоҷикистон 3 тарофаи АСОСИЕРО, ки дар байни муштариёни Хатлон маъруф мебошанд, номбар кард. Инчунин шаҳрҳо ва ноҳияҳое муайян гардиданд, ки дар онҳо бештар интернети мобилӣ истифода бурда мешавад.
Силсилаи "Биё!" бо қулайнокӣ ва хусусиятҳои чандирӣ тавсиф меёбад. Қариб ҳама метавонад тарофаро мувофиқи хоҳиши худ интихоб кунад. Нафаре ба мавҷудияти паёмрасонҳои бемаҳдуд манфиатдор аст, ашхоси дигар тарофаро бо YouTube-и бемаҳдуд ё дастрасӣ ба шумораи зиёдтарини шабакаҳои иҷтимоӣ авлотар медонанд. Вале, сарфи назар аз интихоби васеъ, тарофаҳои "маъруфе" ҳастанд, ки барои бештари муштариён ҷолиб мебошанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар вилояти Хатлон аз рӯи пайвасткуниҳо тарофаҳои «Биё! Фаъол бош"," Биё! Бубин" ва "Биё! Бемаҳдуд бош” бештар талаботпазир буданд.
Теъдоди бештари муштариёни оператор "рақамӣ" мешаванд. Аз ин рӯ, ба ҳар тарофа бастаи трафики интернет дохил мешавад. Ин барои “истифодаи” фаъолонаи сокинони ҳам шаҳрҳои калон ва ҳам маҳалҳои аҳолинишини дурдаст кӯмак мерасонад. Аз рӯи ҳаҷми умумии трафики таҳвили маълумот дар байни 25 шаҳру ноҳияи Хатлон, ноҳияи Кушониён пешсаф аст. Ҷойи дуюмро шаҳри Бохтар ва сеюмро ноҳияи Ёвон ишғол менамояд.
“Ширкати мо мунтазам тарофаҳои нав ва ҳатто ҷолибтареро, ки ба интизориҳои мизоҷон ҷавобгӯ мебошанд, роҳандозӣ менамояд. Бесабаб нест, ки силсилаи "Биё!" дар байни муштариёни вилояти Хатлон шуҳрат пайдо намудааст. Ин моҳ мо тарофаи нави "Аз ту оғоз мегардад!" –ро бахшида ба 20-солагии ширкат бо мувофиқати беназири нарх ва ҳаҷми трафики интернет ба кор даровардем. Боварӣ дорам, ки тарофаи "ҷашнӣ" низ яке аз пешсафони соли 2021 хоҳад шуд!» – иброз намуд Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.