МегаФон Тоҷикистон

«МегаФонТур-20 cол» – якумин мусобиқаи мототсиклронҳо дар Хатлон

74 боздид
Муҳлати хондан: 3 мин
«МегаФонТур-20 cол» – якумин мусобиқаи мототсиклронҳо дар Хатлон

Ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии фаъолияти Ширкат дар Тоҷикистон, Мегафон якумин мусобиқаи мототсиклронҳоро таҳти унвони «МегаФонТур-20 сол» дар вилояти Хатлон ташкил намуд.       

 

Чун анъана, МегаФон Тоҷикистон ҳамасола экспедитсия ва сафарҳои матбуотиро бо иштироки блогерҳо ва рӯзноманигорони кишвар, инчунин намояндагони расонаҳои хабарии давлатҳои хориҷа, баргузор менамояд. Имсол низ истисно набуд. Ҷиҳати фарқкунандаи лоиҳаи 2021 дар он аст, ки дар соли ҷашнҳои кишвар ва ширкат, МегаФон якумин мусобиқаи мототсиклрониро дар таърихи вилояти Хатлонро бо иштироки байкерҳо ташкил кардааст. Экспедитсияи мототсиклӣ имкониятҳо ва амалҳои нави ташкилиро барои банақшагирии хатсайр талаб мекард. Мусобиқа бо дастгирии Ҳукумати вилояти Хатлон доир карда шуд.     

“Хуш омадед ба вилояти Хатлон! – гуфта, роҳбари шуъбаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода иштирокчиёни мусобиқаи мототсиклрониро истиқбол гирифт. Ташаккури зиёд ба МегаФон барои саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳии кишвар ва вилояти мо, барои идея ва ташкили чунин рӯйдоди беназир! – иброз дошт роҳбари шуъба”.   

Хатсайри мусобиқаи мототсиклронӣ аз шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Балҷувон ва Данғара гузашт. Дар Бохтар, дар осорхонаи “Бибихонум” ва осорхонаи вилоятии “Авесто” байкерҳо бо таърихи шаҳр ва минтақа ошно шуданд. Дар деҳаи Меҳробод меҳмонон маҷмааи бостоншиносии "Хулбук": қалъаи асримиёнагӣ, қасри ҳокимон ва шаҳри қадимаро боздид намуданд.       

Иштирокчиёни мусобиқа дар роҳи сафар аз пойгоҳи базавии "Данғара-трасса", ки бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз шудаанд, дидан карданд. «Ҳангоми даъвати меҳмонон ба вилояти Хатлон, мо мехостем ҳарчи бештар дар бораи ин минтақа, ҷойҳои тамошобоби он ва зебоии нотакрор нақл кунем. Аз лиҳози он, ки имрӯз ҳеҷ як экспедитсия бидуни алоқаи босифат имконият надорад, мо ба меҳмонон истгоҳи базавии фарогирандаи шабакаро дар шоҳроҳ нишон медиҳем. Пойгоҳи мазкур – иншооти азим буда, кори муҳиму масъулиятнокро иҷро мекунад ва муштариёнро дар шароитҳои душвори роҳ бо алоқа таъмин менамояд",- гуфт ба сайёҳон Директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҷид САЙТАСАНОВ.    

 

“Мо дар Хатлон ҷойҳои зиёдеро тамошо кардем. Ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои ташкили чунин сафар изҳори сипос намуда, онро бо 20 -умин солгарди фаъолияташ дар кишвар табрик мегӯем! Дар ҷойҳое, ки мо сафар кардем, дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст, доштани алоқа хеле муҳим аст. Далели он, ки ширкат дар ин ҷо шабакаро инкишоф медиҳад, на танҳо барои рушди сайёҳӣ, балки барои мо, шаҳрвандони кишвар, ки мехоҳанд дар саросари ҷумҳурӣ сафар карда, ҳамеша дар алоқа бошанд, низ аҳамияти хеле бузург дорад”, - шарҳ медиҳад байкер ва иштирокчии мусобиқаи мототсиклронӣ Мурод Бобоев.       

 

Нуқтаи ниҳоии сафари мототсиклӣ мавзеи кӯҳсори Чилдухтарон буд. Сангҳо ба суроби чил духтар монанданд. Ривояте ҳаст, ки онҳо худро барои ҳимояи шаъну шарафи хеш қурбон кардаанд.   

 

«Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» солҳои зиёд аст, ки ташаббусҳои клуби мотосиклрониро дар самти рушди сайёҳӣ дастгирӣ мекунад. Мо ба минтақаҳои гуногун сафар мекунем ва филм ба навор мегирем. Ҳадафи мо - ин нишон додани паҳлуҳои нодир ва зебоиҳои Тоҷикистон, табиати аҷиб ва кӯҳҳои он ба тамоми ҷаҳон аст. Ман ба ширкат барои он изҳори сипос мекунам, ки имрӯз мо дар яке аз ҷойҳои зебои ҷумҳурӣ қарор дорем. Ман ҳамаро ба Тоҷикистон, ба Чилдухтарон дар Муъминобод даъват мекунам. Саёҳат кунед, зеро он хеле зебост!” - таассуроти худро баён кард яке аз иштирокчиёни экспедитсия, роҳбари клуби мототсиклронии “Мотостан Таджикистан” Фирӯз Ҳайдаров.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2