МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон модернизатсияи шабакаро ба манфиати даҳҳо ҳазор сокинони Хатлон анҷом медиҳад

2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон модернизатсияи шабакаро ба манфиати даҳҳо ҳазор сокинони Хатлон анҷом медиҳад

МегаФон Тоҷикистон марҳилаи навбатии шабакаро дар вилояти Хатлон ба итмом расонид. Баҳор ва тобистони соли 2021 оператор дар минтақа зиёда аз 20 пойгоҳи нави базавиии наслҳои сеюм ва чорумро ба кор даровард. Таҷҳизоти қариб 30 пойгоҳи қаблан насбгардида нав карда шуда, инчунин хатҳои алоқаи нахӣ-нурии нав гузаронида шудаанд. Дар натиҷа телеком-хизматрасониҳои муосир ба теъдоди зиёди сокинони Хатлон дастрас гардида, суръатҳои интернети мобилӣ дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишин якчанд маротиба боло рафтанд.

 

Яке аз самтҳои асосии корҳо – васеъкунии шабакаи “босуръати” 4G ба ҳисоб меравад. Миқдори пойгоҳҳои базавии насли чорум дар шаҳрҳои Бохтар ва Кулоб, ноҳияҳои Қабодиён, А.Ҷомӣ, А.Румӣ ва Ҳамадонӣ зиёд карда шуданд. Шабака ҳам аз ҷиҳати сифат, ҳам аз ҷиҳати миқдор инкишоф меёбад. Васеъкунии қобилияти гузариши таҷҳизот дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон анҷом дода шуда, акнун шабакаи 4G дар ин ҷой ба миқдори бештари истифодабарандагони хизмат расонида метавонад.

 

Ба ғайр аз корҳо дар майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ оператор шабакаи хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН)-ро васеъ менамояд. Онҳо сатҳи устуворӣ ва ҳаҷмҳои таҳвили ҳам трафики овозӣ, ва ҳам трафики интернетии муштариёнро баланд мебардоранд. ХАНН-и иловагӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак гузаронида шудаанд.

 

“Модернизатсияи шабака – лоиҳаи бомиқёси техникие мебошад, ки самтҳои мухталифро дар бар мегирад. Моҳияти баъзе корҳо танҳо барои мутахассисон равшан аст. Лекин натиҷаи асосӣ, ки вусъатёбии суръати интернети мобилӣ ва сифати беҳтарини ҳамаи хизматрасониҳои ширкат маҳсуб меёбад, ба ҳама фаҳмост. Ҳар як мутахассиси МегаФон ҳангоми ивазкунии таҷҳизоти радиорелейӣ ба таҷҳизоти нисбатан муосир ё гузаронидани хатҳои нахӣ-нурӣ дар фикри маҳз ҳамин мақсад мебошад. Мутмаинам: натиҷаҳои модернизатсияро аллакай даҳҳо ҳазор муштариёни мо дар таҷрибаи худ бидиданд!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2