МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон”: меҳрубонӣ аз ту оғоз меёбад!

66 боздид
Муҳлати хондан: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон”: меҳрубонӣ аз ту оғоз меёбад!

“МегаФон Тоҷикистон”: меҳрубонӣ аз ту оғоз меёбад!

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба меҳмонии кӯдакон-муҳассилони мактаб-интернати махсусгардонидашудаи ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ҳозир шуданд. Дар давоми дарси ғайриоддӣ намояндагони оператор доир ба алоқаи мобилӣ, таърихи интернет маълумотҳо доданд ва албатта туҳфаҳо тақдим намуданд.

Чӣ тавр Шабакаи ҷаҳонӣ пайдо шуд, чӣ тавр интернет “вориди” смартфонҳо мешавад ва ҳангоми шуморагирии рақам дар телефони мобилӣ чӣ ҳодиса ба амал меояд, ҳамаи ин дар мадди диққати кӯдакон аз Ҳисор қарор дошт. Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба таври фаҳмо принсипи фаъолияти истгоҳҳои базавиро фаҳмонида ба саволҳои сершумор ҷавоб медоданд ва дар мавриди истифодаи интернет дар ҷараёни таҳсил маслиҳатҳо медоданд. Кӯдакон бошанд нақшаҳои ояндаи худро баён намуданд – тавре маълум гардид, бисёри онҳо орзу доранд, ки касби барномасозиро аз худ карда, дар соҳаи технологияҳои баланд фаъолият намоянд.

“Тарзу воситаҳое, ки Шумо тариқи онҳо имрӯз ба мо оид ба интернет ва зангҳо маълумот додед, барои мо хеле ҷолиб буд. Аз ташрифи нави Шумо хушҳол хоҳем шуд – зуд-зуд биёед!” – ақидаи умумии гурӯҳи кӯдаконро ба мо расонида изҳор дошт хонандаи синфи нӯҳ Орифҷон АКБУТАЕВ.

“Мехостам ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз номи худ, ҳамаи хонандагон ва устодони мактабамон изҳори миннатдорӣ намоем. Дарси собилӣ ба кӯдакони мо хеле писанд омад – онҳо таҳти таассуроти бузурганд. Ва ташаккур барои туҳфаҳо!” – эҳсосоти худро ба мо баён намуд директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор Бибиҳаво ШАРОФОВА.

Зимнан, туҳфаҳо на танҳо ба мактабхонҳо тақдим гардиданд: “МегаФон Тоҷикистон” ба интернат модемро бо трафики пешпардохтшуда барои истифода то охири соли хониш туҳфа намуд.

“Ширкати мо ҳамеша ба насли наврас диққати калон медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки дар баландбардории сатҳи саводнокии мобилӣ ва интернетии онҳо саҳме гузорад. Бинобар ин, имрӯз мо қарор кардем дар бораи интернет ба кӯдакони махсус маълумот диҳем, фикри онҳоро бифаҳмем, ҷиҳатҳои муфиди Шабакаи ҷаҳониро дар ҳаёташон баён намоем. Аз ҳама муҳим, мо бо кӯдаконе, ки норасоии таассуроти наву эҳсосоти гувороро ҳис мекунанд, вақтро хеле хуш гузаронидем. Ин аст фоидаи муоширати мо бо онҳо”, - зикр намуд роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2