Дар шаҳри Хоруғ аввалин консерти яккасароии ғолиби намоиши байналмилалии истеъдодҳои “Central Asia’s Got Talent” Чоршанбе Аловатов баргузор гардид. Ба ҳайси шарики генералии консерт ширкати “МегаФон Тоҷикистон” баромад намуд. Оператор инчунин онлайн-фурӯши чиптаҳоро ташкил намуд – ҳамин тариқ садои овозхони ҷавонро ҳатто онҳое, ки имконияти харидани чиптаҳоро ба воситаи хазинаи оддӣ надоштанд, шунида тавонистанд.
Чоршанбе Аловатов маъруфияти байналмилалиро дар соли 2019 баъди пирӯзӣ дар даври ниҳоии “Central Asia’s Got talent” ба даст овард. Дар Осиёи Марказӣ намоиш нахустин маротиба баргузор гардид ва барои иштирокчӣ аз Тоҷикистон наздики 70 миллион тамошобинон овоз доданд. Аллакай ҳамон вақт вокалисти боистеъдодро шарики генералии намоиши телевизионӣ дар Тоҷикистон – МегаФон Тоҷикистон дастгирӣ карда буд.
“Ҳангоми парвоз ба Нурсултон ман дастгирии беандозаи дӯстону наздикон ва тамоми халқи тоҷикро эҳсос мекардам, зеро МегаФон инчунин SMS-овоздиҳиро ташкил намуд, ки ба шарофати он теъдоди зиёди одамон ба ман овозҳои худро доданд. Хушбахтона ҳамкори мо идома дорад. Аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои кӯмак дар ташкили консерт ва вохӯрии фаромӯшнашаванда бо тамошобинон аз Хоруғ миннатдорам!” – иброз дошт Чоршанбе АЛОВАТОВ.
Чиптаро ба консерти сарояндаи писандида сокинони ВМКБ тари3қи замимаи мобилии “МегаФон Life” харида метавонистанд – дар ин ҳолат 20% маблағ ба муштариён дар шакли кэшбек баргардонида мешуд. Ба ҳайси шарики чорабинӣ пеш аз баромади ҳофиз оператор тарофаи нодири “Аз ту оғоз мегардад”-ро пешкаш намуд. Силсилаи нави тарофаҳо, ки аз рӯйи таносуби нарху ҳаҷми трафики интернет дар бозор шабеҳи худро надорад, ба муносибати 20-солагии фаъолияти МегаФон дар Тоҷикистон ҷорӣ гардид. Оид ба тарофаи “идона”-е, ки онро метавон то моҳи сентябр пайваст намуд, роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар ВМКБ Далер НАЗАРШОЕВ маълумот расонид.
Консерт ба муваффақияти калон доир гардида, ба тамошобинон эҳсосоти фаромӯшнашаванда ҳадя намуд. Дар саҳна пайдо шудани падари Чоршанбе Аловатов - сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов барои ҳозирин туҳфаи дигари гуворо буд. Толор ӯро бо қарсаку кафкӯбие, ки якчанд дақиқа давом ёфт, истиқбол гирифт.
Дар қатори меҳмонон инчунин ғолибони озмуне, ки дар майдонҳои иҷтимоии МегаФон ташкил гардида буд, ҳузур доштанд. Ба сафари Помир Аҳмад Худойдодов ва Шаҳло Саидова раҳсипор шуданд. Ҳарду тавонистанд, ки орзуҳои худро амалӣ намоянд. Барои Шаҳлое, ки аз рӯйи ихтисоси энергетик таҳсил менамояд, ба “Ширкати энергетикии Помир” экскурсия ташкил карда шуд. Аҳмад ҳамчун табиби оянда аз Маркази технологияҳои баланди тиббии Оғо Хон боздид намуд. Ҳарду ғолиб боғи ботаникиро сайр намуда, баъди консерти Чоршанбе Аловатов шомгоҳон дар Хоруғ сайругашт карданд. “Фаромӯш кардани чунин саёҳат ғайриимкон аст! Ман аллакай 7 сол муштарии МегаФон ҳастам ва акнун аниқ бо он боқӣ мемонам!” – мегӯяд Шаҳло САИДОВА.
“Амалисозии орзӯҳои муштариён ба мо бисёр вақт муяссар мегардад. Ғолибони озмун барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи касбу кори ояндаи хеш ва дидани зебоиҳои Помир ва дӯстдорони мусиқӣ – барои шунидани “овози тиллоӣ”-и Чоршанбе Аловатов имконияти хуб пайдо намуданд. Худи сароянда аз муошират бо толори пур аз мухлисони худ нерӯи тоза гирифт. Чунин хотираҳову эҳсосот ба алоқаи боэътимоди муттаҳидкунандаи шаҳрамон мегарданд. Аз таҳкими минбаъдаи ин робита хеле шод хоҳем шуд!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.