Озмун таҳти унвони “Қуллаи шараф” аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бори панҷум баргузор мешавад. Дар соли равон бо мақсади ҷой гирифтан дар қатори беҳтаринро дар озмуни номбурда 116 бренди ширкатҳои кишварамон иштирок доштанд.
МегаФон Тоҷикистон бо ҷоизаи тиллоии озмун барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи телекоммуникатсия ва рақамикунонии иқтисоди кишвар, инчунин ба сифати бренди аз ҳама шинохташаванда қадрдонӣ карда шуда, бори дигар тасдиқ намуд, ки ширкати боэътимод ва масъул мебошад. Бори аввал ширкат бо унвони “Бренди сол” дар соли 2013 сарфароз гардида буд.
“Ҷоизаи фахрӣ аз натиҷаҳои барҷастаи мо дар бозори телекоммуникатсионӣ ва интихоби дурусти стратегияи рушд шаҳодат медиҳад. Хизматрасониҳои рақамии мо ҳатто дар ҷамоатҳои дурдасттарини кишвар пешниҳод карда шудаанд. Мутмаинам, ки маҳз ҳамин далел ба сатҳи шинохташавандагии бренди мо то сатҳи назаррас таъсири мусбат расонид”, - изҳор дошт директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.