МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” иқдоми навро барои муштариён ҷорӣ менамояд

  • Ширкат
Муҳлати мутолиа: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” иқдоми навро барои муштариён ҷорӣ менамояд

27 ноябр дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон” иқдоми нав оғоз ёфт: ҳангоми пайвасткунии дилхоҳ баста аз қатори бастаҳои дастраси интернетӣ муштарӣ 50% зиёдтар трафикро ба даст меорад. Бастаи иловагии туҳфавӣ ба шарти пайвасткунии мустақилона тариқи замимаи “МегаФон Life” ё “Ҳуҷраи корӣ” (lk.megafon.tj) пешниҳод мегардад. Иқдом то 28 феврали соли 2019 идома меёбад.

Имкони дастраскунии яку ним маротиба зиёдтар интернетро муштариён – шахсони воқеӣ, ки дар доираи ҳама тарофаҳои амалкунанда хизматрасонӣ мешаванд, доро мебошанд. Ҳар бастаи туҳфавӣ як маротиба пешниҳод карда мешавад, вақти амали он ба муҳлати бастаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар мизоҷи “МегаФон” бастаи “М 1000”-и иборат аз 1 000 Мб-ро барои як моҳ интихоб намояд, аз оператор ӯ боз 500 Мб-ро туҳфа гирифта, ин ҳаҷмро номбурда бояд дар давоми ҳамон давра сарф намояд. Ба давраи ояндаи ҳисоботӣ бастаи туҳфавӣ гузаронида намешавад.

“Мо ҳаракат мекунем, ки робитаи муштариён бо ширкатамон то ҳадди имкон қулай гардад. Барои ҳамин мо воситаҳои худхизматрасонӣ – ба монанди “Ҳуҷраи корӣ” ва “МегаФон Life”-ро инкишоф медиҳем. Бо ёрии онҳо метавон мустақилона тарофаву хизматрасонҳоро идора намуда тавозунро назорат кард, дар давраи баргузории иқдом бошад – ҳаҷми интернети истифодашавандаро то дараҷаи назаррас зиёд намуд. Мутмаинам, ки туҳфаи мо ба ҳамаи истифодабарандагони интернет, дӯстдорони тамошои филмҳо тариқи онлайн ва ирсолкунандагони файлҳои “вазнин”-и барои кор лозимӣ писанд хоҳанд омад”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Маълумоти нисбатан муфассал дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Бастаи интернетии силсилаи “М”

Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии “М”

Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ 50%

М300

300 МБ

150 МБ

М1000

1000 МБ

500 МБ

М2000

2000 МБ

1000 МБ

М3000

3000 МБ

1500 МБ

М5000

5000 МБ

2500 МБ

М10 000

10 000 МБ

5000 МБ

Бастаи интернетии силсилаи “Онлайн”

Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии силсилаи “Онлайн”

Ҳаҷми трафик дар доираи Бастаи туҳфавӣ 50%

(рӯзона)

Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ

50% (шабона)

Онлайн 6

3000 МБ

3000 МБ

1500 МБ

1500 МБ

Онлайн 10

5000 МБ

5000 МБ

2500 МБ

2500 МБ

Онлайн 20

10 000 МБ

10 000 МБ

5000 МБ

5000 МБ

Бастаи интернетии силсилаи “4G”

Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии силсилаи “4G”

Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ

50% (трафики умумӣ)

Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ

50% (барои дастрасӣ ба порталҳои видеоӣ)

4G 6

2000 МБ

4000 МБ

1000 МБ

2000 МБ

4G 9

3000 МБ

6000 МБ

1500 МБ

3000 МБ

4G 15

5000 МБ

100000 МБ

2500 МБ

5000 МБ

4G 30

10 000 МБ

20 000 МБ

5000 МБ

10000 МБ

Бастаи интернетии силсилаи “Unlim”

Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии “Unlim”

Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ

50%

Unlim 10

10 000 МБ

5000 МБ

Unlim 20

20 000 МБ

10000 МБ

Unlim 30

30 000 МБ

15000 МБ

Unlim 50

50 000 МБ

25000 МБ


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2