МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” хизматгузориро бо сабки миллӣ пешкаш намуд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” хизматгузориро бо сабки миллӣ пешкаш намуд

Навруз – яке аз идҳои дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ва азбаски соли 2019 дар ҷумҳурӣ чун соли инкишофи ҳунарҳои мардумӣ эътироф гардид, кормандони толорҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” қарор карданд ин идро ба таври махсус ҷашн гиранд. Як ҳафта пеш аз “Соли нави форсӣ” ҳама мутахассисон бо сару либоси миллӣ ба кор баромада, марказҳои хизматрасониро бо сабки миллӣ оро доданд.

“Дар бобати он, ки “МегаФон Тоҷикистон” хизматрасониҳои сатҳи ҷаҳониро пешниҳод менамояд, мо хеле зиёд сухан мегӯем. Лекин дар қатори қоидаҳои хизматрасонии мизоҷон инчунин анъанаҳои беҳтарини миллӣ низ ҷой доранд, масалан, муносибати боэҳтиром нисбати ҳамсуҳбат, хоҳиши ба ӯ чун ба дӯсти хуби худ расонидани кӯмаке, ки муштарӣ ба он ниёз дорад, аз қатори онҳост. Обуранги миллӣ дар ороишоти идонаи идораҳои хизматрасонӣ бори дигар аз кӯшишҳои мо ҷиҳати нигоҳдорӣ ва инкишофи фарҳанги халқи тоҷик шаҳодат медиҳад”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Меҳмонони толорҳои оператор аз ҷониби мушовирон бо табассумҳои самимӣ ва сару либоси миллӣ пешвоз гирифта шуда, дар пояҳои воқеъ дар назди буклетҳои анъанавӣ ороишоти анъанавии Наврӯз – суманак гузошта шуда буд.

“Бо гузоштани қадами нахустин – табъ болидаю идона шуд! Бе ин ҳам хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хушам меояд, лекин имрӯз чунин эҳсос мекунам, ки гӯё ба меҳмонӣ пеши наздиконам омадам! Ташаккур барои фазои идона ва барои он, ки масъалаҳои “мобилӣ”-амро дар як дақиқа ҳал намудед!” – аз таассуроти худ сухан гуфта изҳор дошт муштарии ширкат Гулбибӣ АССОЕВА.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2