МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон ду толори навро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуд

72 боздид
Муҳлати хондан: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон  ду толори навро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуд

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» васеъкунии шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад.    Нуқтаҳои нави фурӯши чакана дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Борбад (назди беморхонаи вилоятӣ) ва кӯчаи Сангак Сафаров 9 кушода шуданд.

Доимо баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии он – яке аз вазифаҳои муҳимест, ки оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар назди худ мегузорад. Дар тӯли солҳои фаъолият дар вилояти Хатлон ширкати МегаФон Тоҷикистон шабакаи пуриқтидори фурӯши чаканавиро ташкил намудааст, ки ба шарофати он бештари сокинони минтақа метавонанд масъалаҳои “мобилӣ”-и худро дар наздикии хонаи худ, ҳангоми рафтан ба ҷойи кор ё барои харид ҳаллу фасл намоянд.   Ба ин нигоҳ накарда, оператор ифтитоҳи нуқтаҳои навро дар заминаи талаботи мизоҷон – дар ҷойҳое, ки воридшавии муштариён ба толорҳои фирмавӣ қулайтар мегардад, ривоҷ дода истодааст.

Дар толорҳои нави алоқа дар шаҳри Кӯлоб мизоҷон метавонанд аз доираи васеи хизматрасониҳои ширкат, ба монанди хариди SIM-кортҳо, пайвасткунии тарофаҳои махсус барои кӯдакон ҷиҳати назорати хонандагон дар интернет ва ҳимояи онҳо аз контентҳои номатлуб, гирифтани машварати мутахассис оид ба интихоби тарофаҳо ва опсияҳои муфид ва ғайра, истифода баранд.  

«Барои муштариён на танҳо эътимоднокии алоқа, балки сифати хизматрасонӣ низ муҳим аст. Дар баробари ифтитоҳи толорҳои нав дар қаламрави вилоят, мо мехоҳем, ки мизоҷони мо аз хизматрасониҳои сатҳи мувофиқ, ба монанди шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар, баҳравар шаванд ва барои рафтан ба нуқтаи хизматрасонӣ вақти зиёдро сарф накунанд», – шарҳ медиҳад директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2