МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба роҳнамои тарабхонаҳои Menu.tj озод намуд

2 боздид
Муҳлати мутолиа: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба роҳнамои тарабхонаҳои Menu.tj озод намуд

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба муштариён дар гирифтани маълумоти муфид ва мубрам аз ҳамаи соҳаҳои ҳаёт кӯмак менамояд. Чанд рӯз пеш истифодабарандагони интернети мобилӣ ба манбаи иборат аз маълумот оид ба тарабхонаҳою қаҳвахонаҳои пойтахт дастрасии озодро пайдо намуданд. Ин яке аз натиҷаҳои ёддошти ҳамкорие мебошад, ки байни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва портали Menu.tj ба имзо расонида шудааст.

 

Вазифаи муҳимми оператор – инкишофи хизматрасониҳои рақамие мебошад, ки ба соддашавии ҳаёти муштарӣ мусоидат менамоянд. Ҳамин тариқ FinTech-хизматрасониҳо барои ҳисоббаробаркуниҳои қулайи ғайринақдӣ, порталҳои дорои мусиқӣ, филмҳо ва контенти кӯдакона пайдо мешаванд. Шароитҳои махсус инчунин барои мизоҷони нуқтаҳои хӯроки умум ташкил карда мешаванд: акнун ҳангоми истифодаи сомонаи Menu.tj трафики мизоҷони МегаФон нархгузорӣ карда намешавад. Пешниҳодҳои қаҳвахонаю тарабхонаҳои Душанберо бе нигаронӣ аз он, ки трафики бастаи асосии муштарӣ сарф мешавад, бе ташвиш метавон омӯхт.

 

Дастрасии озод ба манбаъ – яке аз натиҷаҳои имзошавии ёддошти ҳамкорӣ маҳсуб меёбад. Имзои худро зери ҳуҷҷати мазкур Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ ва роҳбари лоиҳаи Menu.tj Раҳим ХАҚБЕРДИЕВ гузоштанд. Дар чаҳорчӯбаи Ёддошт оператор аллакай ба ҳайси шарики рақамии анҷумани бомиқёси соҳибони тарабхонаҳо, ки дар меҳмонхонаи “Азия Гранд Отель” баргузор гардид, баромад намуда буд. Дар он зиёда аз 40 нуқтаҳои хӯроки умум иштирок намуданд. Дастрасӣ ба Menu.tj бидуни нархгузорӣ қадами дуюми шарикон гардид.   

 

“Ҳамагӣ бо якчанд пахш дар портали Menu.tj истифодабарандагони интернетӣ телефон ва суроғаи тарабхона ё нуқтаи қаннодии писандомадаро дастрас намуда, имкон пайдо мекунанд, ки айвон дар ҳавои тоза ё толори маҳкам, таомҳои тоҷикӣ ё ҳиндиро интихоб намоянд. Шарики мо ин равандро дар дилхоҳ нуқтаи Душанбе босуръат ва дастрас мекунад. Айни замон вазъияти марбут ба пандемия инчунин одамонро аз имконияти рафтан ба нуқтаҳои ҷамъиятии хӯроки умум маҳрум кардааст. Платформаи мо имкон медиҳад, ки бо анвои хӯрокҳои ин ё он нуқтаи хӯроки умум шиносоӣ пайдо карда шуда, хӯрокҳои писанд бо дархости бурдарасонӣ ба хона фармоиш дода шаванд”, - изҳор дошт Раҳим ҲАҚБЕРДИЕВ.

 

“МегаФон Тоҷикистон” дорои бисёр имкониятҳое мебошад, ки ҳам барои меҳмонон ва ҳам барои соҳибони қаҳвахонаю тарабохонаҳо муфид хоҳанд буд. Ҳамин тариқ, хизматрасонии “Таргет”-и мо ба соҳибони тарабхонаҳо имкон медиҳад, ки дар бораи тахфифҳою иқдомҳо ирсолҳоро анҷом диҳанд ва чунин маълумотро онҳое, ки воқеан ба ин мавзӯъ мароқ зоҳир мекунанд, ба даст хоҳанд овард. Ба мизоҷон бошад, интернети мобилии босуръати мо ва портали Menu.tj, ки дар он маълумоти арзишманд оид ба нуқтаҳои хӯроки умум ҷамъ оварда шудааст, хизмат мерасонанд. Таманно дорем, ки дастрасии ройгон ба портали номбурда боиси таассуроти гуворо гирифтани мизоҷон аз вақтгузаронӣ дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо гардад!” – мегӯяд Анатолий ИЗЮМНИКОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2