МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аввалин толорро бо услуби «эко» ифтитоҳ намуд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аввалин  толорро бо услуби «эко» ифтитоҳ намуд

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор толори фирмавӣ кушодааст. Он нахустин нуқтаи хизматрасониест, ки мувофиқи меъёрҳои нав ва дар заминаи таъмини шароитҳои комилан қулай барои мизоҷон оро дода шуд. Толори нав ба ғайр аз масоҳати васеъ, инчунин бо тарҳи замонавӣ ва истифодаи масолеҳи табиӣ фарқият дорад.

 

Шакли нави толорҳои фирмавии оператор бо мақсади пешниҳоди хизматгузории рақамии сатҳи баланд таҳия гардидааст. Дар бино мавқеи махсус вуҷуд дорад, ки барои нерӯгирии дастгоҳҳои мобилӣ имконият медиҳад. Ҷои бештар барои шаклҳои нави гаҷетҳои рақамӣ ҷудо карда шудааст. Рангҳову фазои таскинбахш ва масолеҳи табиӣ табъи мизоҷонро болида гардонида, машваратчиён ба таври фардӣ хизматрасонӣ менамоянд. Дар толор тамоми доираи хизматрасониҳои оператор дастрас аст.      

 

«Имрӯз ба ҷои толорҳои пештара биноҳои замони нав ворид шуда истодаанд. Дар ин ҷо лавозимотҳои зарурӣ пешниҳод гардида, саволҳо оид ба алоқаи мобилӣ ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар ин макон муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон ба расмият дароварда шуда, маълумоти заруриро дар бораи хизматрасониҳои Ширкат ба даст овардан мумкин аст. Мизоҷон дар рафти муошират бо мутахассисон ҳам аз хизматрасониҳои алоқа ва ҳам аз моҳияти хизматгузориҳои муосири рақамӣ дар ташаккули шахсияти онҳо воқиф мешаванд. Мо нақша дорем, ки бунёди чунин толорҳоро дар тамоми кишвар идома диҳем” – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

 

Толори фирмавии нав дар кӯчаи 60 солагии Ҳисор воқеъ гардида, ҳамарӯза мизоҷонро аз соати 8:00 то 18:00 интизор аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2