Ҳадафи асосии Global Money Week паҳнкунии саводнокии молиявӣ байни донишҷӯён ва хонандагон маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ лоиҳа тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифт: ташкилкунандагон ва шарикон семинару тренингҳо, викторинаю озмунҳоро бо туҳфаҳои пулӣ ва экскурсияҳо ба муассисаҳои молиявӣ доир менамуданд. Дар радио ва телевизион барномаҳои мавзӯӣ пахш карда мешуданд.
Яке аз рӯйдодҳои марказии Global Money Week 2021 озмуни ҷумҳуриявии эҷодӣ оид ба саводнокии молиявӣ буд. Дар марҳилаи аввал иштирокчиёни он зиёда аз 100 корҳоро пешниҳод намуданд. Ирсоли онҳо ба паёмрасонҳои Viber, WhatsApp ва Telegram бо ёрии рақами махсуси аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳодшуда имконпазир буд. Ҷавонон аз ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон доир ба маблағ, буҷаи оилавӣ ва мақсадҳои молиявӣ фикрронӣ мекарданд.
Баъди интихоби ҳайати ҳакамон овоздиҳии мардумии интернетӣ ба корҳои иштирокчиёни даври ниҳоӣ оғоз ёфт, ки ҳангоми он ба иштирокчиёни озмун 10 000 истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Facebook “лайкҳо” гузоштанд. Ҳамагӣ тӯли тамогми муддати гузаронидани ин озмун зиёда аз 1 000 000 истифодабарандагон ба он фаро гирифта шуданд.
Мувофиқи натиҷаи овоздиҳии интернетӣ аз рӯйи номинатсияи “Расми беҳтарин” Оиша Парвизии ҳафтсола аз боғча-мактаби №111 ш.Душанбе ғолиб омад. Видеоролики беҳтаринро оид ба саводнокии молиявӣ Жасмин Зарипова, донишҷӯйи курси дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳия намуд. Флеш-моби беҳтарин оид ба саводнокии молиявӣ бошад, аз ҷониби хонандаи синфи 10 литсейи №1 шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Собиров ташкил карда шуд.
Ҳама ғолибон бо гувоҳномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ташкилкунандагон ва шарикони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд. Эҷодиёти иштирокчиёнро дар қисми Саводнокии молиявии саҳифаи “Бонки миллии Тоҷикистон” - https://www.facebook.com/fingramtj/ [ https://www.facebook.com/fingramtj/ ] метавон дид.
“Ғолибонро табрик менамоям ва ба онҳо таманно мекунам, ки ба ҳаёти мустақил на танҳо бо маълумотҳои умумии саводнокии молиявӣ, балки бо донишҳои мустаҳкаме, ки имкони оқилона истифода бурдани маблағҳо ва самаранок нигоҳ доштани онҳоро фароҳам меоранд, қадам гузоранд! Хушҳол аз онам, ки иштироки мо ба васеъшавии аудиторияи Global Money Week мусоидат намуд. Зиёда аз миллион тамошоҳо, лайкҳо, шарҳҳо – нишондиҳандаи хеле хуб аст. Қисми назарраси аҳолии кишварамон ба ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон донишҳои муфидро ба даст овард. Бо камоли майл лоиҳаро дар соли оянда низ дастгирӣ хоҳем кард!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.