Дар Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” панҷ майдони пойгоҳҳои базавӣ (ПБ) ва таҷҳизоти дорои стандартҳои гуногунро ба кор мебарад. Дар ин майдонҳо 6 бахши 2G, 2 бахши 3G ва 6 бахши стандарти 4G/LTE ба кор дароварда шудааст. Суръати миёнаи интернет аз 1 то 5 Мб/с-ро ташкил медиҳад.
Ҳамаи пойгоҳҳои базавӣ барои таъмин бо нерӯи барқ дар ҳолати қатъшавии шабакаҳои барқи берунӣ бо батареяҳои аккумуляторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ҳудуди нуқтаи аҳолинишин биноҳои баландошёнае, ки ба гузариши сигнал монеа мешаванд, кам ҳастанд, бинобар ин ҳудудҳои фарогирии ПБ аз 2 то 4 км-ро ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна масофаи байни пойгоҳҳои базавии ширкат дар чунин ҷойҳо на зиёда аз 1,5-2 км.-ро ташкил медиҳад, дар минтақаи зикршуда ин нишондиҳанда на зиёда аз 1,5 км.-ро ташкил дода, барои ташкили фарогирии пурра ва фаъолияти босифати телеком-хизматрасониҳо кифоя мебошад.