МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони “рақамӣ”-и молиявӣ мусоидат менамояд

72 боздид
Муҳлати хондан: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони “рақамӣ”-и молиявӣ мусоидат менамояд

Кормандони департаменти молиявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари дурӯза доир намуданд. Донишҷӯёне, ки кори бонкӣ, андозбандӣ, молия ва қарзро меомӯзанд, дар бораи тарзу воситаҳои ташкил ва фаъолияти хизматрасониҳои рақамие, ки ба воситаи онҳо муштариён тариқи смартфонҳои худ амалиёти молиявиро ба амал бароварда метавонанд, маълумот гирифтанд. Маълумоти бадастоварда ба кормандони ояндаи соҳаи молия имкон медиҳад, ки хизматгузориҳоро бо диди кор дар фаъолияти минбаъдаи касбии худ мавриди истифода қарор диҳанд.

 

Дар давоми ду рӯз донишҷӯён оид ба тарзи фаъолияти ин гуна хизматрасониҳо маълумот мегирифтанд. Диққати махсуси онҳоро лоиҳаҳои муштараки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ ҷалб намуданд. Яке аз шарикони оператор ҶСП ТХҚ “Ҳумо” ба ҳисоб меравад. Якҷоя бо ташкилоти мазкур МегаФон хизматрасонии “Қарзи сабуки Ҳумо”-ро ҷорӣ намуд. Он имкон медиҳад, ки бетаъхир ва зуд ба тавозун ё ҳисоби худ дар “Ҳумо” маблағ қабул карда шавад. Маълумот дар бораи лоиҳаҳои шарикӣ ба донишҷӯён дар пайдо намудани тасаввурот оид ба тиҷорати мобилӣ кӯмак намуд.

 

Смартфон барои муштариён ба як “воситаи маъмули молиявӣ” табдил ёфтааст. Бо ёрии он метавон ҳисобҳои ХМК, харидҳо дар марказҳои савдо ва мағозаҳои интернетиро пардохт намуд, маблағро ба ҳисоби наздикон гузаронид ва қарзҳои хурдро дастрас намуд. Кормандони ояндаи соҳаи молия дар фаъолияти худ аз хизматгузориҳои рақамӣ зиёд кор мегиранд, барои ҳамин МегаФон Тоҷикистон ба онҳо пешниҳод намуд, ки аз нуқтаи назари “мобилӣ” низ коршиноси соҳаи худ гарданд. 

“Мо дар замоне зиндагонӣ дорем, ки хизматгузориҳои рақамӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ворид шудаанд. Бо дидани рушди ҳамкориҳои оператор бо соҳаи бонкӣ чунин хулоса бароварда метавонам, ки дар ояндаи хеле наздик фаъолияти бонкҳо бо иштироки МегаФон ташаккул хоҳад ёфт”, - аз таассуроти худ сухан карда, изҳор дошт муовини декан оид ба тарбияи факулети молиявӣ ва иқтисод – Қиёмиддин САИДОВ ва ба меҳмонон барои донишҳои муфид миннатдорӣ баён намуд.

“Зимни семинар мо кӯшиш кардем чунин маълумотеро диҳем, ки ба донишҷӯён ҳам дар ҳаёти маишӣ, ҳам дар фаъолияти касбӣ ба кор омада тавонад. Ин насл ҳоло дар бунёди иқтисоди рақамии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт. Агар донишу таҷрибаи мо ба онҳо дар оянда лозим оянд, ин боиси хурсандии мо хоҳад буд!” – мегӯяд директори молиявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Александр ШАМИЛОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2