Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯшро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Толорҳои нави фирмавии оператор дар шаҳри Бохтар ва инчунин дар ноҳияҳои Восеъ, Кушониён, Леваканд ва Шаҳритус кушода шуданд.
Даҳҳо ҳазор муштариёни МегаФон акнун имкон доранд, ки масъалаҳои “мобилии” худро ба шарофати дастрас будани нуқтаҳои фурӯши оператор ҳал намоянд. Дар Бохтар толор дар кӯчаи Айнӣ кушода шудааст. Нуқтаҳои хизматрасонӣ инчунин дар марказҳои маъмурии чор ноҳияи Хатлон: дар ноҳияи Восеъ, кӯчаи А.Мирзоев 16/3, деҳаи И.Сомонии ноҳияи Кушониён – к.Сино 26, Леваканд – к.К.Хуҷандӣ ва ноҳияи Шаҳритус – кӯчаи И.Сомонӣ пайдо гардиданд.
“Мо кӯшиш мекунем, ки ба муштариёни худ наздик бошем, барои ҳамин инкишоф ва васеъкунии шабакаи худро идома медиҳем. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки хизматрасонии босифат берун аз ҳудуди шаҳрҳои бузург низ таъмин карда шавад. Дар идораҳои мо муштариён аз ҳамаи намуди хизматрасониҳо, аз харидани SIM-корти наву пайвасткунии хизматрасониҳои иловагӣ то ҳалкунии дилхоҳ масъалаҳои марбут ба алоқа бархурдор буда метавонанд”, - қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.