МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон дар бораи саҳми занҳо дар ТИ нақл кард

67 боздид
Муҳлати хондан: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон дар бораи саҳми занҳо  дар ТИ нақл кард

Чӣ тавр ва чаро занҳо ба соҳаи ТИ ҷалб мешаванд. Ба ин мавзӯъ боз як пахши мустақиме, ки аз тарафи аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ташкил гардид, бахшида шудааст. Ба ҳайси коршиносон роҳбари хадамоти инкишоф ва корбурди системаҳои тиҷоратии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Мунира Ишанова ва менеҷери лоиҳаҳо, мушовири ташкилоти ҷамъиятии "Центр ИТК" Анзурат Қосимова баромаданд.

 

«Занҳо тамоми сифатҳоро доранд, то ки худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ нишон диҳанд. Савол дар он аст, ки ҷодаи ТИ аксар вақт ҳамчун як соҳаи сирф "мардона" қабул карда мешавад. Аз ин рӯ, духтарон то ҳол чунин ихтисосҳои донишгоҳҳоро, ки он ҷо муҳандисон дар ин самт омода карда мешаванд, кам интихоб мекунанд. Мо бояд бо стереотипҳо мубориза барем, дар бораи муваффақиятҳои занҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бештар ҳарф занем, то ин ки ақлу истеъдоди онҳо ба манфиати ширкатҳо ва тамоми Тоҷикистон ба кор бурда шаванд», – меҳисобад Анзурат ҚОСИМОВА.

 

Намунаи муваффақият дар соҳаи ТИ - коршинос аз МегаФон аст. Соли 2020 Мунира Ишанова унвони фахрии "Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро соҳиб гардид. Вай дарҳол баъд аз донишҷӯӣ ба ширкат омада, дар лоиҳаҳои ҷолибтарини ТИ иштирок намуд. Масалан, ӯ баъзе хизматрасониҳоеро роҳандозӣ намуд, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамто надоранд. Мунира Раҳматовна дар бораи роҳи касбии худ нақл карда, таъкид намуд, ки гурӯҳҳои "омехта" -и шуъбаҳои ТИ самараноктар кор мекунанд.

 

«Пӯшида нест, ки мардҳо ва занҳо ба ҳамон як чиз назари гуногун доранд. Баъзан чунин «назари дигар» барои ҳалли масъалаҳои корӣ дар ТИ лозим меояд. Ҳангоми мубодилаи афкор, ба даст овардани натиҷа осонтар мешавад. Хушбахтона, дар МегаФон аз ибтидо ягон қолабҳои гендерӣ вуҷуд надоштанд, яъне дар ширкат доимо дарк мекарданд, ки занҳо метавонанд дар ҳамаи соҳа фаъолияти босамар дошта бошанд. Ман гуфта метавонам, ки кор кардан дар гурӯҳе, ки ниҳоят роҳбари он шудам ва ҳатто унвони Устодро сазовор гардидам, бароям хеле бароҳат буд. Асосаш ин аст, ки шахс бояд баҳри пешрафту беҳбудӣ дар ҷодаи худ саъйю кӯшиш ба харҷ диҳад» – мегӯяд Мунира ИШАНОВА

 

Дар анҷоми барнома коршиносон духтаронро ба он ҳидоят намуданд, ки ба худ боварӣ дошта, бидуни тарсу ваҳм соҳаи барояшон ҷолибро интихоб намоянд. Ҳатто агар ин ё он касб то ҳол касби «мардона» ҳисобида шавад ҳам, ин садди роҳ шуда наметавонад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2