Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” намояндагони ВАО, блогерҳо ва истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро ба мусобиқаи якум аз рӯйи намуди, эҳтимол аст, аз ҳама муосир ва маъруфи варзиш – боулинг даъват намуд.
Дар мусобиқа чор даста ширкат варзиданд. Як даста аз кормандони шабакаҳои телевизионии “Танин”, “СМ-1”, “7 Ситора” ва “Азия”, ширкатҳои радиоии “Тироз” ва “Пайванд” иборат буд. Дастаҳои блогерҳо ва истифодабарандагони фаъоли интернет Зуфар БАШИКОВ, Шерзод РӮЗИЕВ, Далер КОМИЛОВ, Хуршед РУСТАМОВ, Давронҷон ҚУРБОНОВИЧ, Бахтиёр ҚУДРАТОВ, Диана ВЫСОТСКАЯ, Ҷӯрабой ШАВКАТОВИЧ, Мавзуна АСРОРӢ ва дигаронро фаро гирифтанд. МегаФон Тоҷикистон низ бо дастаи худ баромад намуд.
Ягон даста омодагии махсусеро нагузашта, қаблан дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат накарда буд. Барои ҳамин чорабинӣ аз дарси омӯзишии дастурдиҳандаи касбӣ оид ба боулинг оғоз ёфт. Пас аз гирифтани донишҳои муфид дастаҳо муборизаро оғоз намуданд, тамоми муваффақият аз маҳорату чолокӣ, иродаи қавӣ ва дастгирии якдигар вобаста буд.
Дар натиҷа ҷойи якум ба дастаи “Биё.Суғд” бо сардории Бахтиёр ҚУДРАТОВ дода шуд. Ин даста дар мавридҳои эҷодӣ на танҳо бозии беҳтарин, балки ҳиссиёти фарқкунандаи ҳазлу шӯхии худро низ намоиш дод. Бозингарони беҳтарини мусобиқаҳо бо туфаҳои алоҳида қадрдонӣ карда шуданд.
Иштирокчиёни мусобиқаи дигаре, ки худи ҳамон шом оид ба интернет-серфинг (воситаи пулкоркунӣ дар шабакаи интернет) баргузор гардид, ба туҳфаҳои худ соҳиб гардиданд. Дар давоми мусобиқаи мазкур иштирокчиён бояд чаққонию ҳозирҷавобии худро нишон медоданд. Ғолиби мусобиқа, муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Диана ВЫСОТСКАЯ изҳор дошт, ки маҳз суръатҳои баланди интернети оператор ба иҷрои босуръати вазифаҳои гузошташуда мусоидат намуданд.
“Варзиш одамонро наздик менамояд. Маҳз барои ҳамин мо мусобиқаҳоро ташкил намуда, ба онҳо ВАО, блогерҳои суғдӣ ва истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро даъват намудем. Мушоҳида кардани муттаҳидшавии дастаҳо баҳри ба даст овардани пирӯзӣ барои мо гуворо буд. Мутмаинам, ки барои иштирокчиёни мусобиқа ин танҳо оғози ҳамкорист”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.