Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” портали нави киберварзишии “eSport”-ро, ки шабеҳи он дар Осиёи Марказӣ дида намешавад, роҳандозӣ намуд. Он ҳам дар дастгоҳҳои мобилӣ, ҳам дар компютерҳои муқаррарӣ дастрас аст. Акнун муштариёни оператор имкон доранд, ки дар мусобиқаҳои киберварзишӣ иштирок намуда, туҳфаҳои мухталифро бурд намоянд.
Айни замон ба муштариён ду намуди обуна ба портал дастрас аст. Онҳо бо функсионал ва, мутаносибан, бо нархҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Обунаи “соддатарин” “eSport lite” ном дошта, 1 сомониро дар як рӯз ташкил медиҳад. Барои фаъолкунии он рақамчинии USSD-дархости *1881# зарур меояд.
Арзиши “eSport CUPS” 15 сомониро дар як моҳ ташкил дода, ба ҳамаи мусобиқаҳо, туҳфаҳо, маблағҳо ва инчунин ба тағйирдиҳии никнейм ва профил дастрасии ҳармоҳаро пешниҳод менамояд. USSD-дархост барои фаъолкунӣ - * 881*2#.
Баъди ирсоли дархост барои пайвасткунии баста бояд пароли тариқи SMS дастрасшуда дар равзанаи бақайдгирӣ ворид карда шавад. Ба сифати логин рақами телефони мобилии муштарӣ истифода карда мешавад. Ҳамзамон аз рӯйи рақам дар як дастгоҳ танҳо як сессия фаъол буда метавонад. Инчунин дар портал дархости хусусии Маъмурон мавҷуд мебошад, ки он ҳангоми пайдоиши дилхоҳ савол кӯмак карда метавонад.
“Мо аллакай чандин маротибаҳо мусобиқаҳои бузургтарини киберварзишии дар кишварамон гузаронидашавандаро дастгирӣ карда будем. Табиист, ки дар натиҷа мо худ ба ин самти ояндадор мароқи беандоза зоҳир намуда, портали махсусро барои кибер-варзишгарон ташкил кардем. Агар портал дар баландбардории сатҳи бозингарони мо ва ишғолкунии ҷойҳои бештари мукофотӣ мусоидат намояд, мо аз ин хеле хушҳол хоҳем шуд!” – қайд намуд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.