МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” барои донишҷӯёни ДДБ Рӯзи донишҳои ТИ-ро доир намуд

Муҳлати мутолиа: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” барои донишҷӯёни ДДБ Рӯзи донишҳои ТИ-ро доир намуд

Вилояти Хатлон ба иқдоми байналмилалии “Рӯзи донишҳои ТИ” ҳамроҳ гардид. Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо донишҷӯёни факултети информатикаи донишгоҳи давлатии Бохтар вохӯрӣ баргузор намуда, доир ба технологияҳои муосир ва хусусиятҳои фаъолияти мутахассиси ТИ маълумот доданд.

Рӯзи донишҳои ТИ аз ҷониби Mail.Ru Group бо дастгирии Вазорати маорифи Россия барои толибилмони Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Белоруссия пайваста гузаронида мешуд. Дар соли равон ба иқдоми мазкур Тоҷикистон низ ҳамроҳ гардид. Дар Душанбе доир ба ояндаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва имкониятҳои фаъолият дар соҳаи мазкур зиёда аз 250 толибилмон – хонандагони синфҳои болоӣ маълумотҳо гирифтанд. Дар Бохтар бошад, донишҷӯёни ДДБ, ки барои худ аллакай касби мутахассиси ТИ-ро интихоб намудаанд, дар чорабинӣ ширкат варзиданд.

Директори департаменти хизматгузориҳои инноватсионӣ ва ТИ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Қурбоналӣ АЗИЗОВ ба ҳамкорони оянда доир ба намудҳои технологияҳои муосири соҳаи алоқа маълумот дода, ба саволҳои донишҷӯён ҷавоб гардонид ва дар такя ба таҷрибаи шахсии худ маслиҳатҳои муфид дод.

“Хеле муҳим он аст, ки ҳар як нафар илмомӯзиро на танҳо дар мактаби олӣ, балки дар давоми ҳаёт пешаи худ кунад. Дар соҳаи ТИ ва алоқаи мобилӣ технологияҳо чунон зиёд пайдо мешаванд, ки ҷой додани онҳо дар китобҳои дарсӣ на ҳамеша имконпазир аст. Ин дар ҳолест, ки маҳз бо ҳамин технологияҳо мутахассис ҳангоми фаъолияти худ дар ширкатҳои калон маҷбур мешавад кор кунад. Барои ҳамин на худи донишҳои андухта, вале онҳо низ бояд кам набошанд, балки қобилияти фикрронии фасеҳ ва тағйирёбӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин муҳимтар аст. Агар чунин қобилиятҳо бошанд, пайдо кардани кор ниҳоят осон мешавад”, - мегӯяд Қурбоналӣ АЗИЗОВ.

Дар идомаи суҳбат менеҷер оид ба робита бо ҷомеаи Раёсати минтақавии Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Беҳрӯз САФАРОВ ба донишҷӯён дар бораи роҳҳои сарфакунӣ аз ҳисоби зангҳо ба ФР ва идоракунии тарофаю хизматрасониҳо бевосита тариқи смартфон бо ёрии замимаи “МегаФон Life” маълумот расонид.

“Мулоқот бо намояндагони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳам барои ҳаёти имрӯза, ҳам оянда муфид буд. Мутмаинам, бисёри донишҷӯёни мо ба маслиҳатҳо дар бобати идоракунии хизматрасониҳои мобилӣ гӯш дода, аллакай аз онҳо истифода мебаранд. Аз ҳама муҳим, онҳо дар бораи имкониятҳои кору фаъолият дар соҳаи ТИ маълумот пайдо карданд. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар назди худ мақсадҳои муайян гузошта, мутахассиси воқеии соҳаи худ гарданд”, - қайд намуд декани факултети информатикаи ДДБ Олима ҲАКИМОВА.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2