Дар арафаи ҷашни худ аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба дизайнерон ва ҳамаи дӯстдорони расмкашӣ пешниҳод менамояд, ки ба муносибати 20-солагии ширкат рамз ва стикерпаки махсусро омода созанд. Рамзи мазкур дар замимаи “МегаФон Life” ва паёмрасонҳои дигари маъмулӣ, маҳсулоти чопӣ ва манбаъҳои интернетӣ истифода карда мешавад.
“Тӯли бист сол МегаФон ба ширкати воқеан “мардумӣ” табдил ёфт. Ба мо миллион-миллион муштариён эътимод дошта, ҳар як чорабинии бузурге, ки аз ҷониби мо ташкил ё дастгирӣ карда мешавад, имкон медиҳад, ки дстгирии тоҷикистониён эҳсос карда шавад. Барои ҳамин омодасозии рамзи 20-солагиро мо қарор кардем ба худи сокинони кишвар бовар кунем. Малакаҳои эҷодии худро нишон диҳед, дилхоҳ тасвирҳою идеяҳоро пешниҳод намоед! Ба ғолиби озмун туҳфаи беҳтарин – 20 000 сомонӣ тақдим карда мешавад”, - изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Озмун аз 3 август то 3 сентябри соли 2021 ҷараён хоҳад дошт. Ҳамаи корҳои омодакардаи иштирокчиён бояд муаллифӣ ва пурра мустақилона баиҷрорасонидашуда буда, махсусан барои озмун пешбинӣ гардида бошанд. Корҳо бояд ба мавзӯи ҷашни ширкат мутобиқ буда, истифодаи ягон мавод ё расмҳои тайёр дар онҳо номумкин аст. Мувофиқи шартҳои асосии озмун ҳамаи ҳуқуқҳоро барои корҳо муаллифон ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” месупранд.
Аз ҳар як иштирокчӣ то 5 намуди кор қабул карда мешавад. Онҳоро мебояд ба саҳифаи talisman.megafon.tj [ https://talisman.megafon.tj/ ] ирсол карда, ҳатман НННП ва рақамро барои тамос қайд намуд. Ба расмҳои шакли jpeg, png, svg ё pdf метавон як нақли хурдро дар бораи он илова кард.