МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон ба ВАО имкониятҳои нави рақамиро барои муштариён муаррифӣ намуд

79 боздид
Муҳлати хондан: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон ба ВАО имкониятҳои нави рақамиро барои муштариён муаррифӣ намуд

Хабарнигорони шабакаҳои маъруфи телевизионии вилояти Суғд хизматгузориҳои нави рақамиро, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба вуҷуд оварда шудаанд, мавриди озмоиш қарор доданд. Оператор ба кормандони ВАО пешниҳод намуд, ки дар реҷаи вақти воқеӣ бо ёрии замимаи мобилии “МегаФон Life” ва чат-боти “Доно” аз онлайн-хизматрасонӣ гузаранд. 

МегаФон Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки истифодаи хизматрасониҳои муосири рақамиро то ҳадди имкон содда гардонад. Барои ҳамин молҳои нави оператор аз якчанд ҷиҳат такмил дода шудаанд, маҳз бо ҳамин хусусият онҳо фарқ мекунанд. Масалан, экосистемаи замимаи мобилии “МегаФон Life” аз паёмрасон, ҳуҷраи шахсии муштарӣ, имкони идоракунии барномаи бонусии “Раҳмат” ва хизматрасонии “Ҳамён” барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва пардохти маблағи харидҳо дар мағозаҳои интернетӣ иборат мебошад. Дар доираи як хизматгузорӣ муштарӣ метавонад якчанд амалҳоро ба иҷро расонад – масалан тарофаро иваз кунад ё маблағи харидҳоро дар мағозаҳои интернетӣ пардохт намояд.

 

Зимни озмоиш журналистон боварӣ ҳосил карданд, ки пешниҳодҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” на танҳо аз ҷиҳати функсионали худ қулай мебошанд. Шабакаи оператор имкон медиҳад, ки дилхоҳ хизматгузориҳои рақамӣ бо суръатҳои қулай истифода бурда шаванд. Ҳамин тариқ, пардохти хизматрасониҳо тавассути “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон Life” дар реҷаи вақти воқеӣ осон ва зуд анҷом дода мешавад. Қаблан барои пур кардани ҳисоби телефон ба муштариён зарур меомад, ки толори наздиктаринро ҷустуҷӯ намоянд ё ҳатто ба деҳаи ҳамсоя бираванд.

 

Пайдоиши хизматгузориҳои рақамӣ ба шавқу завқи сокинони Суғд таъсири худро мерасонад. “Тӯли соли охир ҳаҷми истеъмоли трафики интернет дар вилояти Суғд ду маротиба зиёд гардида, одамон ба истифодаи ҳаррӯзаи интернет одат кардаанд. Хизматрасонии интернети мобилӣ барои инкишоф дар минтақа иқтидори бузург дорад. Маҳз барои ҳамин мо барои муштариёни суғдӣ пешниҳодҳои навро бо хизматгузории дастрас омода мекунем. Чунин имкониятҳои маҷмӯӣ як навъ пайвандгари мизоҷони мо бо олами рақамӣ маҳсуб ёфта, дар навбати худ, имкон медиҳанд, ки интернет на танҳо барои муошират ва дилхушӣ, балки инчунин барои ҳалли масъалаҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ ба кор бурда шавад”, - изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2