Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ вохӯрӣ бо иштироки рӯзноманигорон ва муҳаррирони ВАО пешрафтаи вилояти Хатлон баргузор намуд. Мавзӯи асосии суҳбат - хизматрасониҳои инноватсионии FinTech-ро, ки аз ҷониби МегаФон инкишоф дода мешаванд, дар бар гирифт.
«Ҳар як рӯзноманигор манфиатдор аст, ки маълумоти ҷолибтарин, муфид ва боэътимодро пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, мо мунтазам чунин вохӯриҳоро баргузор намуда, ба ҳама саволҳо посух медиҳем ва дар бораи истифодаи судманди хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ маслиҳатҳо медиҳем. Албатта, худи кормандони ВАО ҳамчун истифодабарандагони фаъол хизматрасониҳои алоқаро хуб медонанд. Лекин, барои онҳо низ мо ҳар дафъа чизи наверо кашф мекунем», – мегӯяд Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Маҷид САЙТАСАНОВ.
Меҳмонони оператор бо рушди соҳаи FinTech, ки хизматрасониҳои мобилӣ ва молиявиро дар бар мегирад, шинос шуданд. МегаФон Тоҷикистон яке аз пешсафони ин соҳа ба ҳисоб рафта, барои муштариён замимаи ройгони «МегаФон Life» бо «Ҳамён» ҷиҳати муомилоти ғайринақдӣ, кортҳои кобрендингии бонкӣ, имконияти пардохти маблағи харид бо ёрии QR-рамзҳо пешниҳод гардидаанд. Мутахассисони ширкат чӣ гуна кор кардани баъзе функсияҳои муфидро муфассал шарҳ доданд, то ки кормандони ВАО ин маълумотро ба самъи бинандагон ва хонандагони худ расонида тавонанд.
Дар рафти суҳбат суҳбат журналистон бо мушкилоте, ки кормандони соҳаи телекоммуникатсия дучор меоянд, шинос шуданд. Ҳамин тавр, ҳангоми бунёди шабака дар минтақаҳои баландкӯҳ аксар вақт истифодаи хатҳои интиқоли барқ ва ҳатто бо мошин ба нуқтаи дилхоҳ рафтан ғайриимкон аст, зеро дар он ҷойҳо на хатҳои интиқоли барқ ва на роҳ вуҷуд надоранд. Бурдани таҷҳизот бо даст лозим меояд. Душвориҳоро баъзе сокинони кишвар низ эҷод мекунанд, зеро ҳар гуна овозаҳоро ба инобат гирифта, барои насби пойгоҳҳои базавӣ мухолифат мекунанд. Ҳамин тариқ, бо иродаи якчанд нафар ҳазорон нафар бе алоқа монда метавонанд. Хушбахтона, қисми зиёди одамон хуб дарк мекунанд, ки алоқаи боэътимод ҳаётан муҳим аст. Дар натиҷа – яке аз шабакаҳои бузургтарин дар кишвар аз тарафи МегаФон бунёд гардидааст.
«Мулоқоти имрӯза барои мо хеле пурсамар ва пурмазмун буд. Мо фаҳмидем, ки ширкатҳои мобилӣ дар фаъолияти худ бо чӣ гуна хатар рӯ ба рӯ шуда метавонанд, чӣ қадар хизматрасониҳои ҷолиби инноватсиониро ширкати МегаФон Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва то кадом андоза ин хизматрасониҳо барои муштариён қулай мебошанд. Умедворем, ки дар оянда низ чунин вохӯриҳо баргузор мешаванд!» – иброз дошт директори ширкати телевизион ва радиои «Қӯрғонтеппа» Умар Камолов.